«ҲУНАРМАНДӢ-ОМИЛИ МУСТАҲКАМИИ ОИЛА». Дар Душанбе озмуни беҳтарин маҳсулоти дастии хонаводагӣ доир шуд

Ноябрь 24, 2022 14:38

ДУШАНБЕ, 24.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Миёни ҳунармандони маҳаллаҳои пойтахт таҳти унвони «Ҳунармандӣ-омили мустаҳкамии оила» озмуни беҳтарин маҳсулоти дастии тавлиди хонаводагӣ баргузор гардид, ки дар он маҳсули дасти хунармандон, аз қабили чакандӯзӣ, гулдӯзӣ, кӯрпадӯзӣ, дуредгарӣ, қуроқдӯзӣ, дӯзандагӣ, қолинбофӣ, бофандагӣ, рубобсозӣ ва доирасозӣ намоиш дода шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.

Озмуни мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 ва бахшида ба Солҳои рушди саноат (2022 – 2026) баргузор гардид.

Хадаф аз баргузории озмун, пеш аз ҳама, эҳё намудан ва густариш додани ҳунарҳои аҷдодӣ, ташаккули фарҳанги хонавода, тарғиби арзишҳои миллӣ ва арҷгузорӣ ба суннатҳои аҷдодӣ мебошад.

Дар охир ҳунармандон бо сипосномаву туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

АКС: Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Ноябрь 24, 2022 14:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид