14-15 сентябри соли 2023 дар Душанбе Вохўрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 19.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Душанбе таҳти сарварии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷаласаи Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ва баргузории Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлдатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал баргузор гардид.
Хотиррасон менамоем, ки 14-15 сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе Вохўрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷаласаи навбатии Шўрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал баргузор мегарданд. Дар бораи омодагӣ ва баргузории чорабиниҳои мазкур Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июли соли 2022 ба тавсиб расидааст.
Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ва баргузории ин ҳамоиши сатҳи баланд таъсис ёфта, ҳайати он тасдиқ гардид.
Дар қарори мазкур омадааст, ки дар назди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Котибот ҷиҳати омодагӣ ва дар сатҳи баланд баргузор намудани Вохўрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷаласаи навбатии Шўрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал таъсис дода шавад.
Ёдовар мешавем, ки Вохӯрии чоруми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ 21 июли соли равон дар шаҳри Чолпон-Отаи Ҷумҳурии Қирғизистон доир гардид, ки дар он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар вохӯрӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим–Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов иштирок карданд.
Сарони давлатҳо масъалаҳои мубрами таҳкими ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказиро дар самти вокуниши муштарак ба хатару таҳдидҳо ба амнияти минтақа, дурнамои тавсеаи ҳамкории минтақавӣ барои таъмини рушди устувори иқтисодии кишварҳои минтақа, иқтидори муносибатҳои ҳусни ҳамҷаворӣ ва дӯстона дар раванди рушди минбаъдаи фазои фарҳангӣ ва гуманитарии минтақа баррасӣ намуданд.
Сарвари давлати мо таҳдидҳои рӯзафзуни терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ, киберҷиноятҳо ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромарзиро бахусус таъкид намуданд. Тамоюлҳои таҳмили идеологияи радикализми динӣ дар минтақа ва мавҷудияти ба истилоҳ «гурӯҳҳои хуфта»-и терроризму экстремизми байналмилалӣ ба сифати таҳдидҳои ҷиддӣ ба амният номида шуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин бо изҳори нигаронӣ таъсири манфии равандҳои дар Афғонистон баамалояндаро ба кишварҳои минтақа қайд карданд.
Дар робита ба ин, Пешвои миллат ба таҳкими ҳамоҳангӣ миёни хадамоти махсус ва эҷоди механизмҳои мушаххаси муборизаи муштарак бо хатару таҳдидҳо ба амнияти минтақавӣ даъват ба амал оварданд.
Дар суханронии Сарвари давлат ба масъалаҳои фаъолияти муштарак ҷиҳати рушди иҷтимоию иқтисодии Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Дар ин замина ба зарурати фароҳам овардани шароити мусоид барои тавсеаи тиҷорат, равобити зичи ҳамгироёна, инчунин рушди иқтидори нақлиётию транзитии минтақа ва такмили долонҳои нақлиётӣ ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои интиқоли мол, ҳамчунин густариши ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андешидани тадбирҳои иловагӣ оид ба рушди фаъолияти фазои умумии фарҳангию гуманитарӣ дар Осиёи Марказӣ даъват ба амал оварданд. Зарурати таҳкими ҳамкории муассисаҳои илмии кишварҳои минтақа дар инкишофи фанҳои амалӣ, рушди минбаъдаи муколамаи байнифарҳангӣ ва ташвиқу тарғиби муштараки мероси моддию ғайримоддии фарҳангӣ ва табиии мардумони кишварҳои минтақа дар сатҳи ҷаҳонӣ таъкид гардид.
Аз рӯйи натиҷаҳои Вохӯрии чоруми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Изҳороти муштараки сарони давлатҳо, Харитаи роҳ оид ба рушди ҳамкории минтақавӣ барои солҳои 2022-2024, Консепсияи ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ дар доираи сиғаҳои бисёрҷониба ва Барномаи минтақавии «Рӯзномаи сабз» барои Осиёи Марказӣ қабул гардиданд.
Ҳамчунин Қарори сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар бораи ба муҳлати як сол тамдид намудани ваколатҳои Президенти ФБНА муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея бо мудири иҷроияи AFoCO мулоқот намуд
Дар Боку тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи воситаҳои ахбори омма баррасӣ гардид
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Рӯзи Модар таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо Директори иҷроияи ширкати Mooney Group мулоқот кард
Дар Қоҳира масъалаи таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ шуд
Имконияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ширкати NVIDIA дар соҳаи зеҳни сунъӣ баррасӣ гардид
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба роҳбарият ва мардуми Эрон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Беларус дар соҳаи фарҳанг ва санъат густариш меёбад
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт мулоқот намуд
Дар Душанбе масъалаи рушди муносибатҳои Тоҷикистону Фаронса баррасӣ шуд
«Сомон Эйр» барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишварҳои Ховари Миёна парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳад






