ҲАДИСИ МУСАВВАР. Дар Бохтар бахшида ба қабули Қатъномаи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» роҳпаймоӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 20.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар бахшида ба қабули Қатъномаи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» роҳпаймоӣ ва ҳамоиш доир шуд.
Ёдовар мешавем, ки 14 декабр Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, қабул кард.
Иқдоми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ пазируфта шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон