ҲАДИСИ МУСАВВАР. Волонтёрони шаҳри Норак дар шинонидани зиёда аз 860 ниҳол дар талу теппаҳо саҳм гузоштанд
ДУШАНБЕ, 05.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. Волонтёрони назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак бахшида ба Рӯзи байналмилалии волонтёрон, ки ҳамасола дар ҷаҳон 5 декабр таҷлил мегардад, ҳашар ташкил намуданд.
Волонтёрон 3 декабр бо мақсади ҷангалпўш намудани талу теппаҳои шаҳр дар ин маконҳо зиёда аз 860 бех ниҳоли ҳамешасабзи ороишию сояафкан шинониданд.
Инчунин барои шинонидани 1000 бех ниҳоли дигар ҷой тайёр карданд.
АКС: Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак