Ҷалби сармояи Ҷопон ба иқтисоди Тоҷикистон дар Токио мавриди баррасӣ қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 02.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. 30 ноябр Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо муовини роҳбари Ассотсиатсияи Ҷопон оид ба савдо бо Россия ва ИДМ Ичиро Такаҳара мулоқот намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Тоҷикистон дар Ҷопон иттилоъ доданд.
Дар мулоқот оид ба имконияти фарохи сармоягузорӣ ба бахшҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон, аз ҷумла, дар бахшҳои гидроэнергетика, саноат, истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, истеҳсол ва коркарду содироти маҳсулоти кишоварзӣ, ки барои кишвари мо хусусияти афзалиятнок доранд, ба таври муфассал маълумот дода шуд.
Ҳамчунин ҳамон рӯз Шералӣ Кабир бо муовини Вазири иқтисод, савдо ва саноати Ҷопон Накатани Шиничи мулоқот анҷом дод.
Зимни мулоқот тарафҳо оид ба самтҳои афзалиятноки ҳамкории дуҷонибаи иқтисодӣ ва ҷалби бештари сармояи ҷопонӣ ба соҳаҳои иқтисоди кишвар табодули назар карданд.
АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Ҷопон









Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд






