Ардашер Қодирӣ: «Сулҳ ва ҳамбастагӣ дар Афғонистон заминаи муҳими субот ва беҳбуди минтақаи Осиёст»

Декабрь 10, 2022 12:00

ДУШАНБЕ, 10.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. 8 декабр Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия, Индонезия, Шоҳигарии Таиланд ва Намояндаи доимии ҷумҳурӣ дар ЭСКАТО Ардашер Қодирӣ дар Конфронси байналмилалӣ доир ба таълими занон дар Афғонистон, ки бо ҳамраисии Индонезия ва Қатар, ки дар Балии Индонезия барпо гардид, ширкат намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Сафири Тоҷикистон дар изҳороти худ зикр кард, ки «сулҳ ва ҳамбастагӣ дар Афғонистон заминаи муҳими субот ва беҳбуди минтақаи Осиё аст».

Ардашер Қодирӣ таваҷҷуҳи ҳозиринро ба саркӯбиҳои давомдор дар Афғонистон ба хотири аз байн бурдани фарҳангу забони аксарияти аҳолӣ ҷалб намуда, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал овард, ки ҷиҳати ҳифзи мардуми аз ин сиёсат осебдида иқдом намоянд.

Иштирокчиён аз 38 кишвар, созмонҳои байналмилалӣ ва созмонҳои ғайридавлатӣ бори дигар дастгирӣ ва ҳамбастагии қавии худро бо мардуми Афғонистон дар роҳи расидан ба сулҳу субот ва шукуфоии пойдор тасдиқ намуда, аҳамияти таълими занонро дар ин замина таъкид карданд.

Акс: ВКХ ҶТ

Декабрь 10, 2022 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд