Аз 1 январи соли 2023 дар ИДМ вазифаи Дабири кулл пайдо мешавад

Декабрь 29, 2022 10:30

ДУШАНБЕ, 29.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 январи соли 2023 қарори Шӯрои сарони кишварҳои ИДМ дар бораи иваз намудани вазифаи Раиси Кумитаи иҷроия – Котиби иҷроияи ИДМ ба «Дабири кулли ИДМ» эътибор пайдо мекунад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар доданд.

Ёдовар мешавем, ки дар ҳамоише, ки 14 октябри соли 2022 дар Остона доир шуд, сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ташаббуси Президенти Қазоқистон Қосим — Жомарт Токаевро дар бораи аз соли 2023 табдил додани вазифаи Раиси Кумитаи иҷроия – Котиби иҷроияи ИДМ ба «Дабири кулли ИДМ» ҷонибдорӣ карданд.

Дар ҳамин нишаст сарони кишварҳои ИДМ тасмим гирифтанд, ки салоҳияти Сергей Лебедев дар вазифаи роҳбари Кумитаи иҷроияи Иттиҳод барои давраи навбатии сесола тамдид карда шавад.

Азиза ДАДАБОЕВА,
 АМИТ «Ховар»

АКС: хадамоти матбуоти Иҷроияи ИДМ

Декабрь 29, 2022 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд