БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Балҷувон 257 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода мешаванд

Декабрь 14, 2022 17:09

БАЛҶУВОН, 14.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани Солҳои рушди саноат (2022-2026) дар ноҳияи Балҷувон сохтмону ба истифода супоридани 257 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, 12 коргоҳу корхонаи саноатӣ сохта, ба истифода дода мешаванд, иттилоъ додааст мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон ХОЛЗОДА.

Дар ин замина бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ соҳибкорони маҳаллӣ сохтмони корхонаи «Балҷувон-ойл»-ро оғоз намуданд, ки ба истеҳсоли маҳсулоти нафтӣ равона гардидааст. Дар айни замон корҳои васлу насби таҷҳизот идома дошта, санҷиши қисмҳои гуногуни корхона ҷараён дорад. Соҳибкорон истеҳсоли маҳсулотро мехоҳанд бо усули камхарҷ ва сифатнок ба роҳ монанд.

Тавре соҳибкор Ҳофиз Ҷалолов иттилоъ дод, аз рӯи нақша дар оянда 10 нафар сокинони маҳаллӣ дар корхонаи мазкур бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мешаванд. Дар оянда бо дастрасӣ ба ашёи хом соҳибкорон мақсад доранд, ки корхонаро васеъ намуда, ҷойҳои корро зиёд ва истеҳсоли маҳсулотро афзоиш диҳанд.

Ёдовар мешавем, ки дар ноҳияи Балҷувон дар айни замон 11 корхонаи саноатӣ фаъолият доранд, ки ҳамарӯза маҳсулоти хушсифати саноатӣ истеҳсол ва ба бозору марказҳои савдо равона месозанд. Коргоҳи дӯзандагии «Гулдастон» чор сол қабл мавриди истифода қарор гирифт ва занону духтарони маҳаллӣ дар он бо ҷои кори доимӣ таъмин гардиданд,

Чеварони ин коргоҳ бо истифода аз таҷҳизоти муосири дӯзандагӣ намудҳои гуногуни либосҳои кӯдаконаю мактабӣ ва барои калонсолон либосҳои миллию аврупоиро бо фармоиш ва табъу завқи мизоҷон омода месозанд. Дар коргоҳ либосҳои корӣ ва либосҳо барои сарбозону афсаронро низ медӯзанд.

Корхонаи дигари саноатӣ- корхонаи «Элегант» мебошад, ки бо истифода аз сангҳои маҳаллӣ маҳсулоти сохтмонӣ истеҳсол менамояд. Ашёи хом барои корхонаи мазкур аз вилоятҳои Суғд, Бадахшон ва ноҳияҳои Ховалингу Балҷувон дастрас карда мешавад. Корхона имкони дар як сол омода намудани 15 ҳазор метри мураббаъ сангҳои ороиширо дорад. Маҳсулотро вобаста ба фармоиш дар андозаҳои гуногун тайёр менамоянд. Маҳсулоти сохтмонии мазкур солҳои қабл аз хориҷи мамлакат ворид карда мешуд ва нархи гарон дошт. Бо фаъол гардидани корхонаҳои мазкур ва истеҳсоли босифати маҳсулоти ороишӣ воридот ба дохили мамлакат коҳиш ёфт. Дар корхона 15 нафар мутахассисони маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шудаанд.

Корхонаи дигар, ки сохтмонаш дар арафаи анҷом қарор дорад, корхонаи сангу шағал мебошад. Бунёди иншооти гуногун ва талабот ба маҳсулоти сохтмонӣ дар ноҳия ба сохтмони корхонаи сангу шағал замина гузошт. Соҳибкорон муосиртарин таҷҳизотро аз хориҷи мамлакат харидорӣ ва ворид намудаанд, ки ҳоло васлу насби таҷҳизот идома дорад. Бо фаъол гардидани корхона ҳам маҳсулоти хушсифати арзон истеҳсол мешаваду ҳам соҳилҳои дарёи Сурхоб аз хатар эмин мегарданд. Зеро ашёи хом аз дарёи Сурхоб дастрас гардида, коркард мешавад. Дар ин корхона оянда 6 техникаи соҳавӣ ва беш аз 20 нафар сокинон бо ҷои кор таъмин мешаванд. Соҳибкорон мақсад доранд дар заминаи ин корхона якчанд коргоҳи дигари истеҳсоли маҳсулоти сохтмониро фаъол гардонанд.

Бо бунёду мавриди истифода қарор гирифтани 12 корхона дар ноҳияи Балҷувон то ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсоли маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ як баробар афзоиш ёфта, беш аз 100 нафар сокинон бо ҷои кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 14, 2022 17:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд