БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Дарвоз бинои сеошёнаи Мактаби президентӣ барои 840 хонанда бунёд мешавад
ХОРУҒ, 21.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳраки Қалъаихум — маркази ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сохтмони Мактаби президентӣ барои 840 хонанда дар як баст ҷараён дорад, хабар додааст мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз МИРАСАН.
Бинои мазкур то 35-солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад. Таҳкурсии бинои Мактаби президентӣ дар маркази ноҳияи Дарвоз аввали моҳи декабри соли равон гузошта шуд. Дар ҳамин мавзеъ қаблан бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами як ҷойгир буд, ки аввали солҳои панҷоҳуми асри гузашта бунёд шуда буд.
Инак бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хонандагону омӯзгорони маркази ноҳия таълимгоҳи замонавӣ бунёд карда мешавад. Биное, ки ба замони муосир ва меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ бошад.
Лоиҳаи Мактаби президентӣ аз ҷониби меъморони ширкати «Gм Партнерс» посухгӯ ба талаботи замон тарҳрезӣ шудааст. Муҳандиси сохтмон Шариф Исҳоқов иброз намуд, ки «бинои таълимгоҳ аз се ошёна иборат буда, дорои 28 синфхона, кабинетҳои фаннӣ бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ, толори варзишӣ, маҷлисгоҳ, хобгоҳ мебошад ва барои таҳсили хонандагон дар як баст пешбинӣ шудааст.


Ҳоло дар сохтмони Мактаби президентӣ 50 нафар бинокорон аз шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ, ноҳияҳои Дарвозу Ишкошим машғули коранд ва пас аз як моҳ теъдоди коргарон то ба 200 нафар расонда мешавад. Бештари коргарону мутахассисон аз шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба кор ҷалб гардидаанд».
Тарҳи бино мутобиқи меъёрҳои шарқию аврупоӣ дар асоси манзараҳои зебои муҳити атроф таҳия шуда, бештар аз чӯбу шиша сохта мешавад. Дар чунин синфхонаҳои барҳаво кӯдакону наврасон худро хеле роҳату ором ҳис мекунанд. Дар айни замон корҳои сохтмонӣ дар пойдевори муассисаи замонавӣ ҷараён дошта, бинокорон талош доранд, ки корҳои арматурбофию бетонрезиро то охири ҳамин моҳ ба охир расонанд.
Тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз, бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 102 иншооти хурду бузург ба истифода дода мешаванд.
АКС: АМИТ «Ховар»








ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд






