БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ашт ободкорӣ ва бунёди корхонаҳои саноатӣ ҷараён дорад

Декабрь 27, 2022 14:41

ДУШАНБЕ, 27.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт маъракаи ободонӣ ва шинонидани дарахтони ҳамешасабз идома дошта, корхонаҳои саноатӣ бунёд мегарданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия хабар медиҳад.

Раиси ноҳия Шуҳрат Муҳаммадзода ҳамроҳ бо масъулин дар маъракаи сабзу хуррамгардонӣ ва шинонидани дарахтони ҳамшасабз дар канори роҳи асосии Шайдон-Қаҳрамон иштирок намуд.

Баъдан Шуҳрат Муҳаммадзода ва роҳбарону фаъолон аз бунёди коргоҳи ҷӯроббофӣ ва корхонаи коркарди нахи пахта бо иқтидори 15 тонна дар як шабонарӯз дар Ҷамоати деҳоти Шодоба дидан намуданд. Иқтидори коргоҳ дар як шабонарӯз 30 ҳазор ҷуфт ҷӯробро ташкил дода, дар он 200 нафар бонувон ва сокинон соҳиби ҷойи кор мегарданд.

Зимни боздид аз коргоҳи нави мурғпарварӣ дар Ҷамоати деҳоти Ошоба раиси ноҳия ба сохтмончиён ва мутахассисон дастур дод, ки бехатарӣ ва инфрасохтор бояд дар мадди аввал ба назар гирифта шавад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Ашт

Декабрь 27, 2022 14:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Одил Дониш хостори тақвияти ҳамкорӣ бо Тоҷикистон гардидааст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд