Бори аввал дар садсолаи охир музди миёнаи кор дар ҷаҳон коҳиш ёфт
ДУШАНБЕ, 01.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар нимаи аввали соли 2022 дар ҷаҳон коҳиши назарраси музди воқеии моҳона ба назар расид. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора дар гузориши Созмони байналмилалии меҳнат (СБМ) рӯзи чоҳоршанбеи 30 ноябр гуфта шудааст.
Коршиносон ин коҳишро ба таваррум, оқибатҳои пандемияи COVID-19 ва сустшавии иқтисоди ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар натиҷаи ҷанг дар Украина ва буҳрони энергетикӣ вобаста медонанд.
Музди меҳнати миёнаи ҷаҳонӣ дар воқеъ 0,9 фоиз коҳиш ёфтааст. Ин аввалин афзоиши манфии музди меҳнат дар ҷаҳон пас аз нашри нахустин гузориши СБМ дар ин бора, ки соли 2008 ба табъ расида буд, ба шумор меравад.
Ба истиснои Чин, ки афзоиши маош дар он бештар аз аксари кишварҳои дигар аст, коҳиши маоши воқеии ҷаҳонӣ дар ҳамин давра 1,4 дарсад арзёбӣ мешавад. Миёни кишварҳои G20, ки ба ҳисоби онҳо тақрибан 60 дарсади тамоми коргарон дохиланд, маоши воқеӣ дар нимаи аввали соли 2022 2,2 дарсад коҳиш ёфтааст. Афзоиши музди меҳнат дар кишварҳои рӯ ба инкишоф коҳиш ёфт, аммо дар сатҳи 0,8 фоиз мусбат боқӣ монд.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: СММ/ П. Тонгса-А








ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид






