Дар Бадахшон даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ ва омодагӣ ба маъракаи навбатӣ баррасӣ карда шуд

Декабрь 7, 2022 15:13

ДУШАНБЕ, 07.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳти раёсати Раиси вилоят Алишер Мирзонабот ҷаласаи ҷамъбасти даъвати тирамоҳии соли 2022 баргузор гардид, ки дар он барои саҳми муносиб гузоштан дар иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ раисони шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят, комиссариатҳои ҳарбӣ, бархе роҳбарони идораву муассисаҳо, намояндагони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ бо ифтихорномаи Раиси вилоят, Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва медали 75 – солагии Рӯзи Ғалаба қадрдонӣ гардиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ хабар доданд.

Дар ҷаласаи мазкур ҳамзамон аз фаъолияти Комиссияи даъвати вилоятӣ бобати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарори Раиси ВМКБ «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраршудаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони соли таваллуди 1995-2004 ба хизмати ҳарбӣ» натиҷагирӣ карда шуд.

Муовини Раиси вилоят, ҳамзамон раиси комиссияи даъвати вилоятӣ Умедҷон Носирзода оид ба ин масъала зикр кард, ки «аз тарафи комиссариатҳои ҳарбии шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят нақшаи даъвати тирамоҳии соли 2022 дар як рӯз ба андозаи 100.3 фоиз иҷро шуд».

Зикр гардид, ки дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар баробари дигар сохторҳо роҳбарони идораву муассисаҳо низ саҳм гирифта, дар якҷоягӣ бо комиссияи даъвати тирамоҳӣ корро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монданд.

Умедҷон Носирзода фаъолияти комиссариатҳои ҳарбӣ, комиссияҳои даъватӣ, ҷамоатҳои деҳоти шаҳру ноҳияҳои вилоятро дар маъракаи даъват баланд арзёбӣ карда, иброз дошт, ки «гарчанде нақшаи даъват иҷро шуд, вале дар фаъолияти комиссияҳои даъватӣ, комиссариатҳои ҳарбӣ ва дигар мақомоти дахлдор камбудиҳо низ ҷой доштанд, ки ислоҳи онҳо дар даъватҳои минбаъда ба манфиати кор хоҳад буд».

Раиси вилоят Алишер Мирзонабот фаъолияти раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, комиссариатҳои ҳарбӣ, комиссияҳои даъватӣ, раисони шаҳраку деҳот, робарони идораву муассисаҳоро ҳаматарафа таҳлил намуда, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Зикр шуд, ки даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи муҳими сиёсӣ буда, дар ин самт масъулин бояд аз ҳозир захираи сафарбариро муайян ва корбарӣ намоянд. Ба он эрод гирифта шуд, ки баъзе комиссариатҳои ҳарбӣ танҳо баъди баромадани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи даъват корро сар мекунанд, ки ин ба сифатнок иҷро гардидани маърака монеа эҷод мекунад.

Дар фарҷоми ҷаласа Раиси вилоят бори дигар муҳиммияти масъаларо махсус таъкид намуда, дар назди масъулини дахлдор ҷиҳати омодагӣ ба даъвати баҳории ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ вазифаҳои навбатӣ гузошт.

Акс: МИҲД ВМКБ

Декабрь 7, 2022 15:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии хоҷагии ҷангал, Палатаи савдо ва саноат ва КВД «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
14 июл дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии хоҷагии ҷангал, Палатаи савдо ва саноат ва КВД «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ширкатҳои сохтмонии ҶСК Неругоҳи барқи обии «Роғун» 1120 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба истироҳатгоҳи «Ҳамсафар» зиёда аз 300 кӯдак ҷалб мешавад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои наврасону ҷавонон маҳфилҳои омӯзишӣ баргузор мешаванд
Дар Тоҷикистон 11 лоиҳаи сармоягузорӣ дар соҳаи роҳу нақлиёт ба маблағи беш аз 1,1 миллиард доллар амалӣ мегардад
ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ. Амнияту субот омили асосии рушди устувори давлатҳо ва зиндагии шоистаи инсоният ба ҳисоб меравад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад