Дар Душанбе ҷаласаи 3-юми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ доир шуд

Декабрь 26, 2022 09:32

ДУШАНБЕ, 26.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. 24 декабр дар шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Саъдӣ Қодирзода ва Вазири сармоягузории Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Холид ал Фалиҳ ҷаласаи 3-юми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, техникӣ ва фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар кумитаи мазкур хабар доданд.

Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои муҳими ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла дар соҳаҳои иқтисод ва савдо, сармоягузорӣ, саноат, нақлиёт, маориф ва илм, кишоварзӣ, муҳоҷират, энергетика ва захираҳои об, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш ва сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Зимни нишасти Комиссия аз ҷониби ҳамраисон ба мақомоти давлатӣ ва субъектҳои хоҷагидории ду давлат барои тақвият бахшидани ҳамкории мутақобилан судманд ва муҳайё намудани шароити мусоид барои афзоиш додани гардиши савдои дуҷониба тавсияҳои судманд дода шуданд.

Зимни мулоқот тарафҳо оид ба масъалаи таҳкими ҳамкорӣ дар самти ҷалби сармоягузориҳои мутақобила, ташкили корхонаҳои муштарак ва дар ин замина тақвият додани ҳамкории судманд баҳри татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ ба мувофиқа расиданд.

Аз натиҷаи кори ҷаласаи Комиссияи мазкур Протоколи ҷаласаи 3-юми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ба имзо расонида шуд.

Ҳамчунин дар доираи ҷаласаи сеюми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ 24 декабр дар бинои Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ бо иштироки Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Саъдӣ Қодирзода ва Вазири сармоягузории Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Холид ал Фалиҳ баргузор гардид.Дар форуми мазкур намояндагони зиёда аз 200 ширкату корхонаҳои соҳаҳои гуногуни фаъолияти хоҷагидории Тоҷикистону Арабистони Саудӣ, аз ҷумла энергетика, сохтмон, нақлиёт, логистикӣ, кишоварзӣ, молияву бонкдорӣ, телекоммуникатсия, суғуртакунӣ ва тиҷорат, инчунин роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ иштирок намуданд.

Дар доираи форум ба иштирокчиён фазо ва имконияти сармоягузории ҳарду кишвар дар соҳаҳои гуногун муаррифӣ карда шуд.

Зикр гардид, ки солҳои охир тавсеаи робитаҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ба назар мерасад, ки заминаи ин иродаи сиёсии роҳбарони ду кишвар, тақвияти ҳамкорӣ дар доираи комиссияи байниҳукуматӣ ва якчанд чорабиниҳои муҳиме, ки дар ин муддат баргузор шуданд, аз ҷумла сафарҳои сатҳи олӣ ва форумҳои сармоягузории Тоҷикистону Арабистони Саудӣ мебошанд.

Ҳамзамон дар доираи форум вохӯриҳои дуҷонибаи соҳибкорони ҳарду кишвар дар формати «Соҳибкор бо соҳибкор» (B2B) ва бахши давлатию хусусии ҳарду ҷониб баргузор гардида, масъалаҳои тиҷоратию сармоягузорӣ матраҳ карда шуданд.

Аз натиҷаи вохӯриҳо баимзорасонии санадҳои ҳамкорӣ миёни доираҳои соҳибкории ҳарду кишвар дар назар дошта шудааст.

Ҳамзамон пас аз қисмати расмии Форум ба сармоягузорони Арабистони Саудӣ имконият фароҳам оварда шуд, ки аз корхонаҳои саноатии шаҳри Душанбе боздид намоянд.

АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ

 

Декабрь 26, 2022 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад