Дар Душанбе маросими муаррифии лоиҳаҳо бо маблағгузории Ҳукумати Ҷопон доир гардид

Декабрь 26, 2022 14:37

ДУШАНБЕ, 26.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. 21 декабр аз ҷониби Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо мақсади нишон додани сатҳи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Ҷопон маросими муаррифии татбиқи якчанд лоиҳае, ки бо маблағгузории Ҳукумати Ҷопон ба роҳ монда шудаанд, доир гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ.

Бо дастгирии Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон дар доираи барномаи раванди таҳсилоти фарогир дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15–и шаҳри Ҳисор ва чанд муассисаи таълимии дигар синфхонаи захиравӣ кушода шуд, ки дар он кӯдакони дорои имконияти маҳдуди ҷисмонӣ таълиму тарбия мегиранд. Барои фароҳам овардани муҳити бемонеа барои кӯдакон, хусусан хонандагоне, ки аробачаҳои маъюбӣ истифода мебаранд, роҳравҳои махсус сохта шудаанд. Дар синфхонаҳои захиравӣ кӯдакон ба таври алоҳида аз тарафи омӯзгорон ва мутахассисони ботаҷриба дарс мехонанд.

Дар асоси лоиҳаи мазкур кӯдакони маъюб аввал дар синфхонаҳои захиравӣ, сипас дар синфхонаҳои умумӣ ба таълим фаро гирифта мешаванд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2011 Консепсияи таҳсилоти фарогирро оид ба рушди таҳсилоти фарогир ва баробарҳуқуқии кӯдакони дорои имконияти маҳдуд ба роҳ мондааст. Таҳсилоти фарогир маънои онро дорад, ки ҳамаи кӯдакон, новобаста аз маъюбият, ҷинсият, миллат ва вазъи иқтисодӣ дар якҷоягӣ дар як синфхона ба таълим фаро гирифта мешаванд.

Ҳамчунин бо саҳми Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоати деҳоти Сабои ноҳияи Шаҳринав бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №41-и деҳаи Гулистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки имрӯз дар он хонандагон таълим мегиранд. Бинои нави таълимӣ дар доираи лоиҳаи «Барномаи кумакҳои бебозгашт ва амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ» (GGP) бо харҷи 90 ҳазору 622 доллари амрикоӣ сохта шудааст.

Муассиса аз ҳашт синфхона ва як кабинети корӣ иборат буда, синфхонаҳои таълимӣ бо мизу курсиҳои мактабӣ ва тахтаи синфӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Лоиҳаи мазкур ҷиҳати такони тоза бахшидан ба муносибатҳои шарикии кишварҳо дар арсаҳои гуногуни ҳамкорӣ саҳми арзанда мегузорад. Дар муассисаи таълимии №41 зиёда аз 478 нафар хонандагон таҳсил менамоянд.

Ҳамчунин бо дастгирии Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон дар асоси лоиҳаи мазкур Маркази саломатии шаҳрӣ (МСШ)-и №13 –и шаҳри Душанбе бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин карда шуд. Соҳаи тандурустӣ таҳти таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти ҳарду давлат қарор дорад.

Ҳукумати Ҷопон ҳамзамон дар доираи лоиҳаҳои худ ба МСШ № 13 таҷҳизоти рентгении замонавӣ тақдим намуд, ки имрӯз кори табибони ин марказро дар самти ташхису табобати беморон осон гардонидааст. Ҳамчунин бо дастгирии Ҳукумати Ҷопон ба ин муассисаи тандурустӣ ҷиҳати иммунизатсия намудани кӯдакон аз бемориҳои гуногуни сироятӣ маводи доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ кумак карда шудааст.

МСШ № 13-и шаҳри Душанбе яке аз муассисаҳои асосии тандурустӣ ба ҳисоб рафта, беморон аз ҳама минтақаҳои мамлакат ба ин муассисаи тандурустӣ муроҷиат мекунанд. Соли 2021 дар асоси «Лоиҳаи дастгирии Тоҷикистон дар мубориза бо бемориҳои сироятӣ ва рушди системаи тандурустӣ» дар доираи “Барномаи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷопон” 5,7 миллион доллари ИМА ҷудо гардид.

Ҳамчунин дастгириҳои Ҳукумати Ҷопон дар соҳаи нақлиёти Тоҷикистон низ назаррасанд. Соли 2022 бо дастгирии Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон 57 адад техникаву механизмҳои роҳдорӣ тақдим карда шуданд.  Аз ин кумаки Ҳукумати Ҷопон барои Муассисаи нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Рӯдакӣ низ 3 адад техникаи соҳавӣ ҷудо гардид.

Ёдовар мешавем, ки соли 2022 аз барқарорсозии муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Ҷопон 30 сол сипарӣ гардид. Барномаи дастгирии Япония дар Тоҷикистон соли 1996 оғоз гардидааст. То имрӯз дар асоси ин барнома 449 лоиҳаи башардӯстона амалӣ гардидаанд, ки маблағи умумии онҳо 37 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Аз ин 143 лоиҳа дар соҳаи маориф ва 106 лоиҳа дар соҳаи тандурустӣ амалӣ шудаанд.

Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон минбаъд низ ба таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои бахшҳои маориф ва тандурустии Тоҷикистон кумаку мусоидат менамояд.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Декабрь 26, 2022 14:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Портали маълумоти системаи идоракунии таҳсилоти касбӣ фаъол карда шуд
БЕМОРИИ ЗУКОМ. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон барои пешгирии вирусҳои гуногун чӣ тадбирҳо меандешад?
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 беш аз 14 000 нафар соҳиби касб шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар Тоҷикистон беш аз 70 ҳазор ҷойи кори доимӣ таъсис дода шуд
ИНТИХОБИ МАН — МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ. Дастоварду норасоиҳои соҳаи дорусозӣ кадомҳоянд?
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Беш аз 7 миллион нафар аҳолии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин аст
Дар Тоҷикистон то 5 феврал ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 шумораи қонуншиканиҳо дар самти танзими ҷашну маросим коҳиш ёфт
Комиссияи Аврупо талаботро барои интиқолдиҳандагони хориҷӣ сахттар намуд
САДА АЗ ОМАДАНИ БАҲОР ВА АНҶОМИ САРМО БАШОРАТ МЕДИҲАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Покиву покизагии гирду атроф ва зеҳну қалбҳо яке аз ҷанбаҳои муҳими ҷашни Сада ба ҳисоб меравад
Эмомалӣ Раҳмон: «Сада дар радифи дигар ҷашнҳои миллии мо мероси маънавии пурбаҳое аз аҷдоди некномамон мебошад»