Дар Хуҷанд китобҳои «Сарвар, Президент, Пешво» ва «Иҷлосия: парвозгоҳи Пешвои миллат» нашр шуданд
ДУШАНБЕ, 06.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду китоби арзишманди илмӣ, публитсистӣ-таърихӣ таҳти унвони «Сарвар, Президент, Пешво» ва «Иҷлосия: парвозгоҳи Пешвои миллат» ба табъ расиданд. Китобҳои мазкур аз ҷониби бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва бо дастгирии молии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд рўи чоп омаданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд.
Китобҳои мазкур бо сифати баланд дар нашриётҳои “Ношир” ва “Хуросон”-и шаҳри Хуҷанд ба нашр расидаанд. Дар ин асарҳо аз ҷониби сиёсатмадорон, вакилони Иҷлосияи тақдирсоз, муҳаққиқон, шоиру нависандагон, журналистон ва дигар ходимони ҷамъиятию давлатӣ дар бораи хидматҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи давлатдории миллӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат, рушду тараққиёти кишвар, нақши иҷлосияи таърихӣ дар сарнавишти миллат, дастовардҳои даврони Истиқлолият ва ғайраҳо мақолаву ёддошт ва шеърҳо гирд оварда шудаанд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд








Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст






