Дар ноҳияи Шаҳринав оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила ҳамоиш доир гардид

Декабрь 21, 2022 11:10

ШАҲРИНАВ, 21.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вазифаи аввалиндараҷаи падару модарон — ин дуруст ба камол расонидани фарзандон мебошад. Зеро хушбахтии онҳо меҳвари асосии оила аст. Фарзандон дар оила бояд тибқи фарҳанги миллати тоҷик тарбия ёбанд. Сарчашмаи асосии бесаодатӣ дар оила — ин зулму хушунат аст, ки мутаассифона баъзан ҳамсарон нисбат ба якдигар онро раво мебинанд. Ин матлабро муовини Раиси ноҳияи Шаҳринав Шоиста Неъматуллозода зимни ҳамоиш дар мавзӯи «Пешгирии зӯроварӣ дар оила» баён дошт, иттилоъ медиҳад хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия.

Зимни ҳамоиш зикр шуд, ки хушбахтона, бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ва дастгирию ғамхориҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат баҳри таъмини устувории мақому манзалати зан-модар имконоти зарурӣ муҳайё гардида, зани тоҷик ба саҳнаи сиёсат ворид гардид.

Хушунат дар оила мухолифи қонунгузорӣ буда, муқаррароти он дар Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ муайян гардида, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба он ҷазо муайян кардааст. Пешгирии зӯроварӣ дар оила яке аз масъалаҳои меҳвариест, ки имрӯз мустақиман таҳти ҳифзу ҳимоят ва пуштибонии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Намунаи возеҳу равшани он- қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» мебошад. Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба пешгирии зӯроварӣ дар оила танзим намуда, зӯроварӣ дар оиларо доир ба ошкор, пешгирӣ ва бартарафсозии сабаб ва шароити ба он мусоидаткунанда муайян месозад.

Дар ҳамоиш зикр шуд, ки суннати оиладорӣ барои миллати тоҷик муқаддасоти муҳим ба шумор рафта, тарбияи дурусти кӯдакон ва ба роҳи рости ҳаёт ҳидоят намудани онҳо аз вазифаҳои асосии волидайн маҳсуб мешавад. Оилаи солим ҳамон вақт метавонад шакл гирад, ки падар ва модар аз хулқу атвори нек бархурдор бошанд. Танҳо дар ин сурат фарзандон дар рӯҳияи ахлоқи нек, хештаншиносӣ, худогоҳӣ ва эҳтиром ба арзишу муқаддасоти миллӣ тарбия ёфта, ба камолоти маънавӣ мерасанд ва ба бунёди ҷомеаи солим асос мегузоранд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав

Декабрь 21, 2022 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст