ДЗЮДО. Се гӯштингири тоҷик дар мусобиқаи Тоскулоҳи бузург дар Ҷопон номнавис шудаанд
ДУШАНБЕ, 01.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар феҳристи Федератсияи байналмилалии дзюдо барои иштирок дар мусобиқаи Тоскулоҳи бузург, ки 3-4 декабр дар Ҷопон доир мешавад, 3 гӯштингири тоҷик номнавис шудаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи байналмилалии дзюдо.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар ин мусобиқа Нуралӣ Эмомалӣ (то 60 кг) Муҳаммадраҳим Сарахонов (то 73 кг) ва Сомон Маҳмадбеков (то 81 кг) шомил шудаанд.
Ба иттилои Федератсия, дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ варзишгарони 62 кишвари дунё иштирок менамоянд. Дар маҷмӯъ 365 паҳлавон, аз ҷумла 214 марду 151 зан зӯрозмоӣ хоҳанд кард.
Муқаррар шудааст, ки ғолибони ҳамаи вазнҳои ин мусобиқа 5 ҳазор евро мегиранд. Барандаҳои медалҳои нуқра 3 ҳазор евро ва соҳибони медалҳои биринҷӣ 1,5 ҳазор евроиро соҳиб хоҳанд шуд.
Аммо муҳимтар аз ҳама, дар пайи бурдҳо дар мусобиқаи Тоскулоҳи бузурги Ҷопон дзюдочиёни Тоҷикистон барои холҳо, ки барои роҳёбӣ ба Олимпиадаи Париж дар соли 2024 заруранд, мубориза мебаранд.
АКС: Федератсияи байналмилалии дзюдо








Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XX Осиёӣ иштирок менамоянд
Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ду иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
Дар Тоҷикистон нахустин толори варзишии шамшербозии «Шеру Шамшер» ифтитоҳ шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-20) дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобӣ тими Афғонистонро мағлуб кард






