Эмомалӣ Раҳмон: Ҳамаи дастовардҳои Тоҷикистон самараи истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ мебошанд

Декабрь 31, 2022 09:30

ДУШАНБЕ, 31.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи дастовардҳои Тоҷикистонро самараи истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ хонданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Аз ҷумла, Сарвари давлат имрӯз зимни ироаи паёми шодбошӣ ба муносибати Соли нав иброз доштанд, ки соли сипаришудаистода мардуми Тоҷикистон 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олиро, ки наҷотбахши истиқлолияти давлатӣ мебошад, ботантана таҷлил намуд.

Дар робита ба ин Пешвои миллат бори дигар таъкид карданд, ки ин рӯйдоди бузурги таърихӣ нуқтаи оғози барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, бунёди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва ноил гардидан ба дастовардҳои имрӯзаи мо ба ҳисоб меравад.

«Воқеан, тамоми дастовардҳое, ки то имрӯз давлат ва мардуми тоҷик ба онҳо муяссар гардидаанд, самараи истиқлолияту озодӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ мебошанд, — тазаккур доданд Президенти мамлакат. — Расидан ба чунин рӯзҳои орому осуда натиҷаи азму талошҳои содиқонаи мардуми тоҷик ва пуштибонии онҳо аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат маҳсуб мешавад».

Сарвари давлат изҳори итминон намуданд, ки мардуми ватандӯсти тоҷик дар соли нави 2023 иқдомоти созандаву ободгаронаи худро барои пешрафти давлат, ободу зебо гардонидани сарзамини аҷдодӣ ва беҳтар гардидани шароити зиндагии ҳар хонадони мамлакат боз ҳам тақвияту густариш мебахшанд.

Дар идома таъкид гардид, ки ҷаҳони ноорому буҳронии имрӯза ҳар фарди бонангу номус, ватандӯсту ватанпараст, ҳимматбаланду саховатпеша ва кулли мардуми кишварро водор месозад, ки тамоми саъю талоши худро ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодӣ, рушду тараққиёти Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ободии Ватани маҳбуб сафарбар созанд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки дар ҳамбастагӣ минбаъд низ дар ҷодаи таъмин намудани зиндагии босаодати халқ ва дастовардҳои нав қадамҳои устувор гузошта мешаванд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Декабрь 31, 2022 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад