«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Пагоҳ ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ дар соли 2022 муайян мегарданд

Декабрь 16, 2022 11:24

ДУШАНБЕ, 16.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантанавии ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад. Дар он гирандаи Шоҳҷоизаи озмун ва ғолибони номинаҳо муайян гардида, бо туҳфаҳои Кумитаи тадорукот, диплому ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мешаванд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Эҳсони Хушбахт иттилоъ дод.

Дар даври ниҳоии озмун 442 нафар иштирокчӣ, аз ҷумла 229 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 1-11), 83 нафар донишҷӯён (магистрантон, аспирантон)-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва баъдидипломӣ, 130 нафар омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун миёни ҳам рақобат намуданд.

Озмун аз рӯйи 5 номина – адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон ва эҷоди назму наср сурат гирифта, тибқи ҷадвали тасдиқшуда иштирокдорон вобаста ба гурӯҳҳо – 5-7 декабр хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (синфҳои 1-4), 8-10 декабр хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11), 11-12 декабр донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр) ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ, 13-15 декабр омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун ва 16 декабр барои дарёфти Шоҳҷоиза донишу маҳорат ва истеъдоду малакаи худро пешниҳоди аъзои ҳакамон менамоянд.

Тибқи низомномаи озмун, барои дарёфти Шоҳҷоиза довталабоне рақобат карда метавонанд, ки дар даври ҷумҳуриявӣ аз рӯйи номинаҳои пешниҳодшуда ҷойҳои якумро сазовор гардидаанд.

Шоҳҷоиза ба иштирокчие дода мешавад, ки аз панҷ номина — адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон ва эҷоди назму наср беш аз 70 фоизи осори назмию насрии тавсияшударо мутолиа ва ҳифз намудааст.

Бояд тазаккур дод, ки мувофиқи низомнома, ғолибони даври чорум (ҷойҳои 1, 2, 3) ва барандаи Шоҳҷоиза баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёна ва олии касбӣ ба ихтисоси интихобкардаи худ, бе озмун, ба тариқи ройгон, ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва баъд аз муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар қабул карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» соли чорум аст, ки дар кишвар баргузор мегардад. Низомномаи он бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2022 тасдиқ шудааст. Сарпарасти озмун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, масъулони баргузории озмун вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон мебошанд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС:АМИТ «Ховар»

Декабрь 16, 2022 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст