Хазинаи байналмилалии асъор: соли 2023 сеяки иқтисоди ҷаҳон ба таназзул дучор хоҳад шуд

Декабрь 1, 2022 13:19

ДУШАНБЕ, 01.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Сеяки иқтисоди ҷаҳон соли оянда ба таназзул дучор хоҳад шуд. Ин пешгӯиро роҳбари Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) Кристалина Георгиева изҳор дошт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.

Ба гуфтаи вай, бо вуҷуди коҳиши рушди иқтисодӣ мизони таваррум ба таври қобили мулоҳиза коҳиш хоҳад ёфт. Интизор меравад, ки он соли 2023 ба ҳисоби миёна 6,5% бошад.

Георгиева инчунин изҳор дошт, ки иқтисодиёт аз диверсификатсияи занҷирҳои таъминот фоида меорад. Дар баробари ин, раиси ХБА зикр кард, ки савдои ҷаҳонӣ набояд «ба ҳоли худ» гузошта шавад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: Pixabay

Декабрь 1, 2022 13:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни сохторҳои мониторинги молиявии Тоҷикистону Русия ду санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар доираи COP31 Тоҷикистон, Умон ва Непал роҳҳои ҳалли мушкилоти обу иқлимро баррасӣ карданд
Соли 2027 дар гузаргоҳи гумрукии ноҳияи Спитамен сохтмон ва насби таҷҳизоти сканкунии борҳо оғоз мегардад
Ҷаласаи 45-уми пленарии Гурӯҳи Авруосиё ба таъмини амнияти иқтисодию молиявӣ мусоидат менамояд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди вазирони Осиёи Марказӣ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе беш аз 3,5 кило маснуоти тиллоӣ мусодира карда шуд
Фонди иқлими сабз барои рушди соҳаи тандурустии Тоҷикистон 2 миллион доллар ҷудо менамояд
Лоиҳаи «Барномаи нави саноатикунонии босуръати Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия гардидааст
Масъалаҳои баргузории Форуми B5+1 дар Душанбе баррасӣ шуданд
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо биёбоншавӣ пешниҳод намуд, ки соли 2027 миссияи техникӣ ташкил карда шавад
Бо сабаби фаъолият накардани корхонаи «Хишти Тоҷикобод» сокинон ин масолеҳи сохтмониро аз Душанбе ва Ваҳдат бо роҳкирои гарон ворид менамоянд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» ба маблағи беш аз 1 миллион сомонӣ кору хизматрасонӣ анҷом дода шуд