Иттиҳоди Аврупо масъалаи ҷорӣ кардани низоми бебоҷро барои воридоти молҳои Тоҷикистон баррасӣ менамояд

Декабрь 12, 2022 12:56

ДУШАНБЕ, 12.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Иттиҳоди Аврупо омода аст, ки масъалаи озод кардани мол ва маҳсулоти содиротӣ аз Тоҷикистонро аз пардохти боҷи гумрукии Иттиҳоди Аврупо баррасӣ кунад. Дар ин бора рӯзи шанбе дар маркази матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода бо мушовири директори генералии комиссияи Иттиҳоди Аврупо оид ба тиҷорат Ева Синоветс дар Душанбе хабар доданд.

Тавре Завқӣ Завқизода зимни вохӯрӣ изҳор дошт, ба шарофати сиёсати муваффақи Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо пайваста густариш меёбад. Аз ҷумла, ба гуфтаи вазир, дар 10 моҳи соли 2022 ҳаҷми муомилоти молии дуҷониба нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14,1 фоиз афзоиш ёфтааст.


«Ева Синоветс <…> дар посух ба дархости ҷониби Тоҷикистон бо мақсади густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ ва баромадан ба бозорҳои кишварҳои Иттиҳоди Аврупо изҳори омодагӣ намуд», — зикр карданд дар вазорат.

Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдо

Декабрь 12, 2022 12:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд