МАҲСУЛОТ АЗ ШИШАИ САНҶИШӢ. Дар ИМА ба фурӯши гӯшти сунъӣ иҷозат дода шуд
ДУШАНБЕ, 12.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар ИМА гӯшти сунъӣ фурӯхта мешавад. Иҷозати мувофиқро раёсати назорати санитарӣ ба сифати маҳсулоти хӯрокворӣ ва дорувории ИМА (FDA) додааст. Барои муддати аввал ин ҳуҷҷат танҳо ба мурғҳои сунъӣ дахл дорад, менависад АМИТ «Ховар» бо истинод ба РИА Новости.
Мурғи сунъиро аз ҳуҷайраҳои танаи ҳайвонот парвариш мекунанд. Ин маҳсулоти комилан синтетикӣ хоҳад буд. Пешниҳод шудааст, ки истеҳсоли гӯшт аз шишаи таҷрибавӣ дар ИМА ҳарчӣ барвақттар ба роҳ монда шавад, то ки партовҳои зарарнок ба атмосфера кам карда шуда, зимнан бояд аз сафедаҳои ҳайвонот, ки барои организм заруранд, даст кашида нашавад.
Идеяи гӯшти парваришшударо дар ИМА солҳои охир хеле фаъолона пешбарӣ менамоянд. Олимон чандин борҳо имкони истеҳсоли гӯшти сунъиро аз ҳуҷайраҳои бунёдӣ дар биореакторҳо нишон дода буданд. Ин ҳамон гуна равандест ба мисли парвариши бофтаҳо барои пайванд кардан (трансплантатсия). Намунаҳои ҷудокардаи мушакҳои ҳайвонот дар муҳити махсуси ғизоӣ паҳн карда мешаванд. Дар он ҳуҷайраҳои бунёдӣ ба нахҳои мушакӣ табдил меёбанд.
Ёдовар мешавем, ки аввалин кишвар дар ҷаҳон, ки охири соли 2020 ба фурӯши «гӯшт»-и сунъӣ иҷозат дод, Сингапур мебошад.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд






