«МОСКОВСКАЯ ПРЕМЬЕРА». Филми «Бачаи обӣ»-и коргардони тоҷик ду ҷоизаи ин фестивалро соҳиб гардид

Декабрь 5, 2022 10:10

ДУШАНБЕ, 05.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Филми «Бачаи обӣ» (Water boy) дар Фестивали 4-уми байналмилалии киноҳои кишварҳои ИДМ — «Московская премьера» ҷоизаи «Беҳтарин филм» ва «Беҳтарин нақши мардона»-ро соҳиб гардид, иттилоъ дод ба хабарнигори АМИТ «Ховар» коргардони филм Файзулло Файзов.

Ба гуфти мавсуф, филми мазкур дар бахши рақобат миёни даҳ филми хориҷӣ иштирок намуда, соҳиби ҷоизаҳо гардид.

Бояд гуфт, ки муаллифи филм Бахтиёр Худойназаров, сенариянависон Носир Раҳмон ва Файзулло Файзов мебошанд. Нақшҳои асосиро дар филм Убайдуллоҳи Омон, Меҳроҷиддин Сафар, Аҳмад Қутбиддин ва Соро Собир иҷро кардаанд.

Филми «Бачаи обӣ»-и коргардони тоҷик Файзулло Файзов дар ҷашнвораи филмҳои Авруосиё (Eurasian Film Festiva») дар Лондон ҷоизаи «Ҳусни таваҷҷуҳи тамошобин» (Audience Choice Award)-ро соҳиб гардида буд.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, аз 29 ноябр то 5 декабри соли равон дар шаҳри Москва Фестивали 4-уми байналмилалии киноҳои кишварҳои ИДМ- «Московская премьера» ҷараён мегирад. Дар он филмҳои бадеӣ ва кӯтоҳмуддат аз давлатҳои Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Гурҷистон, Тоҷикистон, Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Латвия ва Узбекистон ба намоиш гузошта шуданд. Ҳайати ҳакамони озмуни филмҳои кӯтоҳро коргардон ва киношинос аз Тоҷикистон, коршиноси Шабакаи пешбурди кинои Осиё (NETPAC) Шарофат Арабова раҳбарӣ мекунад.

Маросими пӯшидашавии фестивали мазкур 4 декабр, соати 17.00 дар маркази кинои «Домжур» баргузор гардид.

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 5, 2022 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид