ОБУ ҲАВО. Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
ДУШАНБЕ, 09.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ бориши борон ва барф дар назар аст, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.
Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок, дар ноҳияҳои алоҳида дар баъзе ҳолатҳо бориши борон ва барф ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2-7 дараҷа хунук, рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 10-15 дараҷа хунук, дар баъзе минтақаҳо то 18-23 дараҷа хунук, рӯзона 3-8 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок, дар ноҳияҳои алоҳида дар баъзе ҳолатҳо барф борида, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 дараҷа хунук, рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6-11 дараҷа хунук, рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида дар баъзе ҳолатҳо бориши борон ва барф ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, рӯзона 2+7 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо бориши борон ва барф, танҳо шабона баъзан дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ барфи бошиддат ба амал омада, тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 2+7 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона аз 3 дарҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар баъзе ҳолатҳо бориши борон ва барфи тар ба амал омада, тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 0+2 дараҷа гарм, рӯзона 3+5 дараҷа гарм мешавад.








Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад






