Раҳим Саидзода узви алтернативии Шӯрои директорони шарики глобалӣ дар соҳаи маориф аз ҳавзаи Аврупои Шарқӣ, Шарқи наздик ва Осиёи марказӣ интихоб гардид
ДУШАНБЕ, 01.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. Вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода дар ташкилоти «GPE» (Шарики глобалӣ дар соҳаи маориф) ба ҳайси узви алтернативии Шӯрои директорони Шарики глобалӣ дар соҳаи маориф аз ҳавзаи Аврупои Шарқӣ, Шарқи наздик ва Осиёи Марказӣ интихоб гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Интихоб гардидани Вазири маориф ба ин мартаба эътироф гардидани дастовардҳои соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ мебошад.
Маълумоти мазкур дар сомонаи ташкилоти «GPE» (Шарики глобалӣ дар соҳаи маориф) нашр шудааст.
Бояд гуфт, ки ташкилоти «GPE» (Шарики глобалӣ дар соҳаи маориф) платформаи шарикӣ ва маблағгузории бисёрҷониба мебошад, ки ҳадафи он таҳкими низомҳои маориф дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ бо мақсади зиёд кардани шумораи кӯдаконест, ки дар мактаб таҳсил мекунанд.
Шӯрои мазкур 20 ҳавза дорад, ки ҳар ҳавзаи интихоботиро дар маҷмӯъ 40 нафар намояндагӣ мекунанд. Аъзои ҳавза аз кишварҳои рӯ ба тараққӣ интихоб шудаанд.
Бояд тазаккур дод, ки аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат ба хотири рушди илму маориф тамоми захираву имкониятро равона кардаанд ва ин тадбир минбаъд низ бомаром идома меёбад.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ барои таъмин намудани рушди соҳаи маориф даҳҳо барномаҳои давлатӣ қабулу амалӣ карда шуда, Ҳукумати мамлакат маблағгузориро барои рушди ин бахш сол ба сол афзоиш дода истодааст. Соли 2022 барои соҳаи маориф 6 миллиарду 304 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст, ки нисбат ба соли 2021-ум 706 миллион сомонӣ ё 11,3 фоиз зиёд буда, 19 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад.
Инчунин дар ин давра бунёд кардану таъсис додани 32 муассисаи таҳсилоти олӣ, 41 муассисаи таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ ва 3246 мактаб, аз ҷумла 156 муассисаи таълимии типи нав, яъне гимназия, литсей, мактабҳои байналмилалӣ ва 300 муассисаи томактабӣ далели возеҳи иқдомоти созандаи Ҳукумати мамлакат мебошад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд






