Раиси вилояти Суғд бо собиқадорони меҳнат мулоқот намуд

Декабрь 31, 2022 11:15

СУҒД, 31.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. 28 декабр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо собиқадорони меҳнат мулоқот доир намуд. Дар вохўроӣ таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, бахусус нафақагирон ва собиқадорони ҷангу меҳнат пайваста ғамхорӣ зоҳир менамояд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Зикр гардид, ки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан ба самти ҳифзи ҳуқуқҳои иҷтимоию иқтисодии табақаҳои калонсоли ҷомеа, собиқадорони ҷангу меҳнат равона гардидааст ва қабулу татбиқи қонуну қарор, амру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба беҳдошти сатҳи ҳифзи иҷтимоии насли калонсол, бахусус собиқадорони меҳнат исботи ин гуфтаҳост.

Таъкид гардид, ки сол аз сол андозаи нафақаи иштирокчиён ва маъюбони ҷанг, собиқадорони ақибгоҳи солҳои ҷанг ва нафақагирон мутаносибан меафзояд.

Шӯрои собиқадорони вилоят бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд фаъолият намуда, дар амалӣ гардидани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба гиромидошт, ҳифзи иҷтимоӣ ва хизматрасонии тиббии собиқадорони ҷангу меҳнат ва дар тарбияи насли наврас дар рӯҳияи садоқат ба Ватану ватандорӣ, меҳнатдӯстӣ, густариши ифтихори миллӣ ва худогоҳиву худшиносӣ мақоми шоиста дорад.

Ташкилоти собиқадорони вилоят 18 ташкилоти шаҳриву ноҳиявӣ, ташкилоти собиқадорони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Раёсати корҳои дохилӣ ва хизматчиёни ҳарбии вилояти Суғд ва 291 ташкилотҳои ибтидоии собиқадоронро муттаҳид менамояд. Бештар аз 2800 нафар фаъолон вазифаҳои ҷамъиятиро дар ташкилотҳои собиқадорон иҷро менамоянд.

Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнати вилоят то 1 декабри соли 2022 12 маъюбу иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, 17 нафар, ки дар ақибгоҳ кору хизмат карда, бо орденҳо ва медали «Барои меҳнати шоён дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» мукофотонида шудаанд ва 86 нафар, ки солҳои ҷанг дар ақибгоҳ кор кардаанд, ё дар хизмати ҳарбӣ буданд, ҳамзамон бештар аз 11 ҳазору 150 нафар собиқадорони меҳнатро муттаҳид менамояд.

Имрӯз дар вилояти Суғд 370 нафар гирандагони нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон умр ба сар мебаранд. Миқдори умумии нафақагирон 240 ҳазору 750 нафар буда, беш аз 11 ҳазор нафарашон фаъолияти меҳнатӣ доранд.

Соли равон аз буҷети вилоятӣ барои харидорӣ намудани роҳхатҳо 139 ҳазору 500 сомонӣ маблағ ҷудо гардида, то ин дам 91 нафар эҳтиёҷмандон дар осоишгоҳ саломатии худро барқарор намуданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Декабрь 31, 2022 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикаи Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад
Дар Бохтар оид ба кам кардани талафоти неруи барқ ҷаласа доир гардид
Ҷалби сармояи Чин ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад
13 август дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад