Соли 2023 барои рушди иқтисоди воқеии Тоҷикистон ҷудо гардидани 12,6 млрд сомонӣ дар назар аст

Декабрь 8, 2022 12:17

ДУШАНБЕ, 08.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Соли оянда барои рушди иқтисоди воқеии Тоҷикистон беш аз 12,6 миллиард сомонӣ (беш аз 1,2 миллиард доллар) ҷудо шудани маблағ дар назар аст. Ин миқдор маблағ дар буҷети давлатии соли 2023 пешбинӣ шудааст, хабар медиҳад avesta.tj.

Тибқи иттилои Вазорати молияи кишвар, дар нақшаи буҷети соли оянда барои рушди иқтисодиёт 12 млрд 681,3 млн сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки ба 9,8 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) баробар аст.

Беш аз 6 миллиард маблағ аз миқдори нишондода ба рушди бахши сӯзишворӣ-энергетикӣ равона карда мешавад. Самти афзалятноки соҳа- ин маблағгузорӣ ба соҳаи сохтмон ва таъмири неругоҳҳои барқии кишвар мебошад.

Дар умум рушди иқтисод дар соли 2023 дар сатҳи 7,8% пешбинӣ шудааст. Тибқи пешгӯӣ, ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 127,3 миллиард сомониро ташкил медиҳад.

Даромади Буҷети давлатӣ аз рӯи ҳамаи манбаъҳои даромад ба маблағи 37,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст. Қисми хароҷот 38,1 миллиард сомониро ташкил медиҳад.

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 8, 2022 12:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид