Тоҷикистон ва Чин дурнамои рушди муносибатҳои парлумониро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 09.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, Раиси гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагон бо парлумони Ҷумҳурии Мардумии Чин Рустам Латифзода бо Сафири Мухтор ва Фавқулодаи Ҷумҳурии Мардумии Чин Тсзи Шумин мулоқот намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар дод.
Зимни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Чин, аз ҷумла ҳамкорӣ дар самти парлумон, маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, тавсеаи пояи шартномавӣ-ҳуқуқӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.
Рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои муҳими робитаҳои байнипарлумонӣ аз мавзуъҳои дигари мулоқот буд, ки ҷонибҳо вобаста ба он табодули афкори судманд намуданд.
Дар анҷоми мулоқот изҳори итминон карда шуд, ки ҳамкории Тоҷикистон ва Чин минбаъд низ дар тамоми арсаҳо ба нафъи мардумони ҳарду кишвар ва сулҳу шукуфоии минтақа бемайлон густариш меёбад.
Акс: МН МО ҶТ








Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид






