217 нафар сокинони ниёзманди шаҳри Ҳисор соҳиби замин гардиданд
ДУШАНБЕ, 03.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар партави сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат ва ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат сокинони ниёзманди шаҳри Ҳисор соҳиби замин гардиданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор хабар медиҳад.
Бо иштироки Раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар аз ҳисоби фонди манзили Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар мавзеи Чашмасори Ҷамоати деҳоти Сомон ба 217 нафар сокинони ниёзманди дар навбатбудаи шаҳр, аз ҷумла омӯзгорону табибон, собиқадорони хизмати давлатӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хонаводаҳое, ки 3-4 ва ё бештар аз он оилаҳо дар он иқомат доранду аз ҷониби комиссияи ҷамъиятии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ниёзманд эътироф шудаанд, замини наздиҳавлигӣ тақсим гардид. Тақсимот шаффофу одилона доир шуда, сокинон бо усули қуръапартоӣ соҳиби талони рақамдор ва қарори замин шуданд.
Раиси шаҳр зикр намуд, ки «Ҳукумати мамлакат бо сарварии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бо манзил таъмин гардидани шаҳрвандони кишвар тадбирҳои зарурӣ меандешад. Сокинон дар навбати худ бояд манзилҳои истиқоматиашоно дар такя ба усулҳои зебои меъморӣ бунёд намоянд ва минтақаҳои пешбинишуда барои сохтмони инфрасохтор, амсоли иншооти маорифу тандурустӣ ва дигар хизматрасониҳои иҷтимоиро тасарруф накарда, оқилона истифода баранд».
Мавриди зикр аст, ки ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор танҳо дар 11 моҳи соли 2022 1548 нафар шаҳрвандон барои гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ муроҷиат намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 312 нафар зиёд мебошад.
Дар маҷмӯъ, соли 2022 ба 641 оилаи ниёзманди шаҳри Ҳисор қитъаи замини наздиҳавлигӣ тақсим гардид, ки майдони умумии беш аз 40 гектарро ташкил медиҳад.
АКС: МИҲД-и шаҳри Ҳисор








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






