БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Хоруғ сохтмони корхонаҳои саноатӣ идома дорад
ДУШАНБЕ, 12.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. То таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 82 корхонаи саноатӣ сохта, ба истифода дода мешаванд, ки 32 адади он ба шаҳри Хоруғ рост меояд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хабар медиҳад.
Чанде пеш Раиси вилоят Алишер Мирзонабот ва Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода аз сохтмони хонаҳои баландошёна дар маҳаллаи Хичордев, корхонаҳои дузандагии «Баҳори Ишқ», мебелбарорӣ, пояфзолбарорӣ ва корхонаи истеҳсоли обҳои ташнашикан дидан намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти ВМКБ имрӯзҳо мутахассисон аз шаҳри Душанбе ба дӯзандагони шаҳру навоҳии вилоят дар корхонаи дӯзандагии «Баҳори ишқ» оид ба аз худ намудани баъзе нозукиҳои касби дузандагӣ бурсияҳои кӯҳтомуддат гузаронида истодаанд.
Насрулло Маҳмудзода таъкид дошт, ки дар Бадахшон қариб дар ҳамаи шаҳру навоҳии вилоят корхонаҳои дӯзандагӣ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат, бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта ба истифода дода шуданд ва соҳибкасбҳоро зарур аст, ки дар ин самт фаъолиятро дар сатҳи баланд ба роҳ монда, хонандагон ва умуман сокинони вилоятро бо либос таъмин намоянд.


Алишер Мирзонабот иброз кард, ки минбаъд низ чунин иқдом бо мақсади баланд бардоштани касбияти бонувон роҳандозӣ мегардад.
Дар идома аз корхонаи саноатии мебелбарорӣ, ки дар бозори 20 — солагии Истиқлолият ҷойгир аст ва 4 нафар сокинони шаҳри Хоруғ дар онҷо кору фаъолият доранд ва корхонаҳои саноатии пояфзолбарорӣ ва истеҳсоли обҳои ташнашикан, ки айни ҳол корҳои васлкунӣ дар онҳо рафта истодааст, аз ҷониби роҳбарияти вилоят боздид карда шуд.
Тазаккур дода шуд, ки бо дастгтирии роҳбарияти Олии мамлакат то соли 2026 дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят корхонаҳои саноатӣ сохта ба истифода дода мешаванд ва ин иқдом дар паст намудани сатҳи бекорӣ мусоидат менамояд.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
Акс: МИҲД ВМКБ








Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Восеъ иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Кӯлоб 77 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Фаъолияти босамари корхонаи муштараки «Зарафшон»-и Панҷакент ба рушди саноат нигаронида шудааст
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст






