«Белтелерадиокомпания» хабар медиҳад: Беларус ва Тоҷикистон корро бо ҷавонони ҳарду мамлакат вусъат медиҳанд
ДУШАНБЕ, 06.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ва Беларус харитаи роҳ ба имзо расониданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи ширкати «Белтелерадиокомпания» — tvr.by. Харитаи роҳ ба пурзӯр намудани фаъолияти якҷоя бо ҷавонон дахл дорад.
Ҷонибҳо ҳамчунин барои фиристодани шаҳрвандони Тоҷикистон ба осоишгоҳҳои Беларус изҳори ҳавасмандӣ карданд.
Ба зикри Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, кишварҳо бояд аз ҳамдигар чизҳои зиёд биомӯзанд. Мавсуф ният дорад дар соли нав ба Минск сафар кунад.
Дар Душанбе вобаста ба ин масъала мулоқоти роҳбарони бахшҳои марбутаи фарҳангу иттилоот, варзиш ва сайёҳӣ баргузор шуд.
Давлатҳо ба тавофуқ расиданд, ки мубодилаи ҳайатҳои вакилонро ба роҳ монанд, то таҷрибаи ҷамъшударо дар амал аз худ намоянд.
Ғайр аз ин дар соҳаи мубодилаи фарҳангӣ дигар корҳо мавҷуданд.
Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо маҷмӯи истисноии китобҳо дар бораи Беларус ғанӣ гардид.
Қаблан иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ва Россия эълом карда буданд, ки ҳамкории гуногунҷанбаи дуҷонибаро низ густариш медиҳанд — ҷонибҳо дар ин бора санади расмӣ имзо карданд.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС аз бойгонӣ








АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид






