ЧӢ ТАВР БОЯД ВАЗНРО ПАРТОФТ. Дар Тоҷикистон барои бартараф намудани фарбеҳӣ тадбир меандешанд
ДУШАНБЕ, 08.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, дар ҷаҳон тақрибан 2 млрд (зиёда аз 1 млрд 971 млн нафар) одам аз вазни зиёдатӣ ва 671 млн нафар аз фарбеҳӣ азият мекашанд. Ҳар сол 2,8 млн нафар одам аз фарбеҳӣ мефавтанд. Дар Тоҷикистон барои бартараф намудани ин мушкилӣ «Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024» амал мекунад, ки соли 2023 низ вобаста ба он якчанд ҳамоиш ва корҳои фаҳмонидадиҳӣ доир мегарданд. Ин матлабро Директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ғизо»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлкат Азизулло Шарипов ба АМИТ «Ховар» иброз намуд.
Азизулло Шарипов иброз намуд, ки ҷараёни рушди иқтисод тайи солҳои охир дар ғизогирии аҳолӣ тағйироти назаррас ворид намуд, ки он бо кам истеъмол намудани нахҳои ғизоӣ ва зиёд истеъмол намудани ғизоҳои тезтайёр ва чарбдор, нӯшокиҳои газноки ширин ва қандҳои одӣ тасниф ёфта, ба сатҳи инкишофи бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ва фарбеҳӣ мусоидат намуд.
Ба гуфти мутахассис, ғизо яке аз омилҳои муҳимтарин мебошад, ки ба вазъи саломатӣ, фаъолияти меҳнатӣ, рушди зеҳнӣ ва ҳолати ҷисмонӣ, инчунин давомнокии умри инсон таъсир мерасонад. Тибқи маълумоти Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, 80 дарсади бемориҳо дар ҷаҳон дар натиҷаи нодуруст ташкил намудани ҳолати ғизо рух медиҳанд ва дар соҳаи тиб мушкилоти зиёде ба вуҷуд меоранд.
Гуфта шуд, ки ҳар сол 2,8 млн нафар одам аз фарбеҳӣ мефавтанд, ғайр аз ин 44 фоизи беморони диабети қанд, 23 фоизи ишемияи дил, аз 7 то 21 фоизи бемориҳои саратонӣ, то 4-6 фисад стеатогепатитҳо ба вазни зиёд ва фарбеҳӣ алоқамандӣ доранд. Аз шумораи умумии вазни зиёди бадан ва мубталои фарбеҳии дар боло оварда 340 млн (18 фоиз духтарон ва 19 фисад писарон)-и онро кӯдакони синни аз 5-сола боло ташкил медиҳанд.
Вобаста ба ин бо истифода аз таҷрибаи ҷаҳонӣ Ҳукумати Тоҷикистон тадбирҳои таъхирнопазир андешида, мушкилиҳои ин соҳаро ба воситаи қабули қонунҳо, стратегияҳо, барномаҳо ва нақшаҳои миллию минтақавӣ марҳила ба марҳила ҳал менамояд. Қабули «Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024» аз ҷониби роҳбарияти олии кишвар муҳим будани масъалаи мазкурро тасдиқ менамояд.
Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, яке аз ҳадафҳои асосии барномаи мазкур — ташаккулдиҳии рафтори одамон нисбат ба пешгирии бемории фарбеҳӣ ва бемориҳои ба он алоқаманд мебошад.
Дар робита ба ин мавзӯъ доктори илми тиб Муллозуҳур Тоҳирӣ зимни суҳбат иброз намуд, ки имрӯз одамон аз тарзи нодурусти истеъмоли хӯрок ба фарбеҳӣ гирифтор мешаванд, ки он метавонад боиси мубтало гардидан ба чандин бемориҳои дигар гардад. Пешгирӣ аз ин беморӣ дар дасти ҳар шахс аст ва ӯ бояд ҳамеша аз маслиҳати мутахассисон бархурдор бошад.
Ба гуфтаи ин табиб, истеъмоли аз меъёр зиёди ғизо, бахусус вақти хӯроки шом ба саломатии инсон зарар дошта, барои ҳазм намудани он бояд бештар об нӯшид.
«Зеро об беҳтарин дору ва пешгирикунандаи фарбеҳӣ ба ҳисоб рафта, хӯроки истеъмолнамудаи шахсро ҳазм менамояд ва онро ба энергия табдил медиҳад. Аз ин хотир, ҳар кас бояд вақти аз хоб хестан ним литр, як соат пеш аз хӯрокхӯрӣ ва як соат пас аз он 100-граммӣ об нӯшад», — афзуд доктор Муллозуҳур Тоҳирӣ.
Мувофиқи маслиҳати табибон, ҷузъи ҳатмии барномаи коҳиши вазн зиёд намудани фаъолияти ҷисмонӣ мебошад. Шомил намудани машқҳои аэробикӣ ҳам барои коҳиши вазн ва ҳам барои нигоҳдории он пешбинӣ шудааст. Маҳз машқҳои аэробикӣ ба коҳиши чарбҳои бадан дар мавзеи шикам ва беҳтар шудани нишондиҳандаҳои мубодилаи липидҳо ва карбогидратҳо мусоидат мекунанд.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховаар»
АКС аз манбаъҳои боз/бойгонии АМИТ «Ховар»








Доир ба масъалаи масъулияти блогерон дар таъмини фазои иттилоотӣ вохӯрӣ баргузор шуд
КОНФРОНСИ 35-УМИ МИНТАҚАВИИ СОЗМОНИ ОЗУҚАВОРӢ ВА КИШОВАРЗИИ СММ. Оид ба нақши занон дар таъмини амнияти озуқаворӣ ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Чин дар самти таҳқиқоти академӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
«БЕҲТАРИН УСТО ВА ШОГИРД». Ғолибони фестивал-озмуни ҳунармандону косибон аз рӯйи чор номинатсия муайян гардиданд
Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби Коммунистии Чин ба имзо расид
Оид ба саҳми илм дар амалисозии ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон конфронси илмӣ доир гардид
Посух ба муроҷиати шаҳрванди Афғонистон Муҳаммад Ҳаким Турсун
«БЕҲТАРИН УСТО ВА ШОГИРД». Дар Душанбе даври ҷамъбастии фестивал-озмуни ҳунармандону косибон баргузор мегардад
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар ноҳияи Восеъ ба хоҳишмандон касбу ҳунарҳои дар бозори меҳнат талабгорро меомӯзад
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Шаҳри Душанбе бо намоиши либосҳои муосири миллӣ ба гирифтани ҷойи якум сазовор гардид
Дар Ню-Йорк ҳамкории Тоҷикистон бо шарикони байналмилалӣ дар самти муҳоҷират баррасӣ гардид
ОГОҲӢ! 10-12 май дар бештари қаламрави Тоҷикистон бориши бошиддати борони пешгӯӣ мешавад






