Дар Душанбе масъалаи татбиқи Саҳмҳои Муайяншудаи Миллӣ ва таҳияи нақшаи маблағгузории иқлим дар Тоҷикистон баррасӣ карда шуд

Январь 27, 2023 11:43

ДУШАНБЕ, 27.01.2023 /АМИТ«Ховар»/. Татбиқи Саҳмҳои Муайяншудаи Миллӣ (СММ/NDC) ва таҳияи нақшаи маблағгузории иқлим дар Тоҷикистон дар ҷараёни ҳамоише, ки дар Душанбе  бо  ибтикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Бонки Осиёии Рушд  (БОР) доир карда шуд, баррасӣ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зист.

Дар ҳамоиш муовини якуми Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зарафо Қиёмзода ва намояндаи доимии БОР дар Тоҷикистон Шанни Кэмпбелл иштирок карданд. Ҳамзамон татбиқи СММ, таҳияи нақшаи маблағгузории иқлим дар Тоҷикистон, дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, саъю кӯшиш ба татбиқи Созишномаи Париж, мутобиқшавӣ ба оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва аҳамияти Конвенсияи миллии қабулшуда баррасӣ карда шуд.

Инчунин оид ба Стратегияи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон табодули назар сурат гирифт.

Иштирокдорон аҳамияти СММ-ро дар ҳалли масъалаҳои тағйирёбии иқлим, самтҳои афзалиятнок ва эҳтиёҷоти СММ муҳокима карда, манбаъҳои эҳтимолии маблағгузории иқлимро муайян намуданд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 27, 2023 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид