Дар Душанбе муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистон ва Қазоқистон баррасӣ гардиданд

Январь 6, 2023 16:52

ДУШАНБЕ, 06.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 6 январ мулоқоти муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Душанбе Валихан Туреханов баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ муовини Вазир ба сафири Қазоқистон паёми табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба унвони Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев ба муносибати 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни ду кишвар супорид.

Ҷонибҳо изҳори итминон карданд, ки муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистон ва Қазоқистон бар асоси усулҳои пойдори эҳтиром, эътимод ва дастгирии ҳамдигарӣ минбаъд низ бо суръати афзоянда рушд намуда, бо иқдомҳои нави созанда ғанӣ хоҳанд гардид.

Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон 7 январи соли 1993 барқарор шуданд.

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамсоягони нек ва шарикони стратегӣ мебошанд. Мардумони ду кишварро равобити бародарона, ки бар анъанаҳо ва арзишҳои муштарак асос ёфтаанд, мепайванданд.

Хусусияти хоси муносибатҳои муосири Тоҷикистон ва Қазоқистон сатҳи баланди эътимоди мутақобил, яксонӣ ё наздикии мавқеъҳо дар мавриди аксари масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад.

Ҳоло муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, ҳарбӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, илмию техникӣ, фарҳангӣ ва ғайра бомуваффақият густариш меёбанд ва  мулоқотҳои мунтазами сарони Тоҷикистон ва  Қазоқистон барои таҳкими бештарӣ ҳамкорӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Сатҳи баланди муносибатҳо бо заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ собит месозад, ки беш аз 100 созишномаи байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравиро дар бар мегирад.

Моҳи январи соли 1993 ҳангоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон санади бунёдӣ — Аҳднома дар бораи асосҳои муносибатҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон ба имзо расид.

Санади дигаре муҳим Созишнома дар бораи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон аз 14 сентябри соли 2015 мебошад. Дар он принсипҳои асосии муносибатҳои дуҷониба — эҳтироми мутақобили истиқлол ва соҳибихтиёрии давлатӣ, баробарҳуқуқӣ, адами дахолат ба корҳои дохилии якдигар ва саъйи тарафайн ба роҳандозии робитаҳои мутақобилан судманди шарикии иқтисодӣ муайян шудаанд.

Муколамаи сиёсии Тоҷикистон ва Қазоқистон пайваста рушд мекунад. Дар давраи сипаришуда 8 сафари расмӣ дар сатҳи сарони давлатҳо (1993, 1995, 2000, 2006, 2008, 2015, 2018 ва 2021), сафари сершумори расмӣ ва кории вазирони корҳои хориҷӣ ва роҳбарони дигар вазорату идораҳо баргузор шудаанд.

19-20 майи соли 2021 бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки он ба густариши хамкории стратегии ду кишвари бародар такони тоза бахшид.

Иқтидори ҳамкории иқтисодии тарафайн бузург мебошад. Ҷаласаҳои Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодӣ мунтазам баргузор мешаванд. Ҷаласаи охирини он 16-17 марти соли 2021 дар Тоҷикистон доир гардид.

Дар доираи ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматӣ ҷаласаи 3 -юми Гурӯҳи корӣ барои афзоиши тиҷорати дуҷониба ва номгӯи молҳои содиротӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, ки дар он чораҳои лозим ба афзун гардонидани тиҷорат ва рафти иҷрои Харитаи роҳ оид ба афзоиши тиҷорат байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон барои солҳои 2018-2022 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Инчунин дар доираи ин ҷаласа форуми сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор гардид.

Ба густариши муносибатҳои фарҳангию гуманитарӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир мегардад. Баргузории ҳамоишҳои фарҳангии муштарак бо ширкати ходимони фарҳанг ва ҳунари ду давлат ба анъанаи нек табдил ёфтааст. Дар ин росто, мунтазам баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон муҳим арзёби мешавад.

Муносибатҳо байни доираҳои илмию эчодӣ ва созмонҳои чамъиятӣ барқарор шуданд ва бемайлон густариш меёбанд. Шаҳрвандони ду кишвар имкон доранд, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Қазоқистон дар асоси квота таҳсил кунанд.

Ду кишвар дар чаҳорчӯби сохторҳои бисёрҷониба — СММ, САҲА, ИДМ, СААД, СҲШ ва МҲТБО бомуваффақият ҳамкорӣ мекунанд ва мавқеъҳоро ҳамоҳанг менамоянд.

Тоҷикистон омода аст минбаъд низ муносибатҳои дуҷонибаро бо Қазоқистон дар рӯҳияи эътимоди мутақобил ва шарокати стратегӣ таҳким бахшад.

Акс: ВКХ ҶТ

Январь 6, 2023 16:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Консули генералии Тоҷикистон бо губернатори вилояти Новосибирск мулоқот намуд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея вохӯрӣ намуд
Мулоқоти муовинони вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони байналмилалии муҳоҷират баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистону Британияи Кабир дар соҳаҳои сиёсию иқтисодӣ баррасӣ шуд
Ҳунармандони тоҷик дар Форуми ҷаҳонии ҳунарҳои мардумӣ иштирок намуданд
Асарҳои рассомони тоҷик дар Намоишгоҳи байналмилалии «Санъат бе марз – 2026» дар Ҷопон баҳои баланд гирифтанд
Дар Женева ҷалби сармоягузории Швейтсария ба бахшҳои калидии Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Сеул ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Ҷумҳурии Корея дар соҳаи гумрук баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо Дабири кулли Иттиҳоди байнипарлумонӣ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти Иттиҳодияи палатаҳои савдо ва саноати Олмон мулоқот намуд