Дар Душанбе ҳолати техникии ҳавопаймоҳои хурдҳаҷми истеҳсоли Чехия рӯнамоӣ гардид

Январь 24, 2023 14:31

ДУШАНБЕ, 24.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати техникии ҳавопаймоҳои хурдҳаҷми L410 UPV ва L410NG, ки дар Чехия истеҳсол мешаванд, рӯнамоӣ гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.

Маросими мазкур зимни вохӯрии Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо ноиби президенти ширкати «Омнипол»-и Чехия Джозеф Пига, ки 20 январи соли равон дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, доир шуд.

Намояндагони ширкати «Омнипол» иброз доштанд, ки ҳавопаймоҳои мазкур аз ҷиҳати бехатарӣ дар сатҳи баланд қарор дошта, барои мусофиркашонӣ ва интиқоли бор дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоид мебошанд.

Муовини директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Набизода, ки дар ин мулоқот ҳузур дошт, омодагии Агентиро барои идомаи гуфтушунид ва ҳамкории минбаъда бо ин ширкат иброз намуд.

Ёдовар мешавем, ки фаъолияти ширкати «Омнипол» дастрас намудани таҷҳизоти авиатсонӣ ва ҳавопаймоҳои хурдҳаҷми L410 UPV ва L410NG барои парвозҳои маҳаллӣ мебошад.

АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 24, 2023 14:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Истиқлол ва рушди саноат: аз сарвати табиӣ то неруи созанда
Эмомалӣ Раҳмон: «То охири сол дар кишвар таъсиси боз 500 корхонаю коргоҳи саноатӣ пешбинӣ шудааст»
Дар ноҳияи Ҷайҳун ба сохтмони хати технологии коркарди нафт санги асос гузошта шуд
Кормандони соҳаи геология ва кӯҳкорӣ 35-солагии Истиқлоли давлатиро ботантана таҷлил намуданд
Нусратулло Давлатзода: «Истиқлоли давлатии Тоҷикистон нодиртарин падидаи сиёсӣ ва сарнавиштсоз мебошад»
Навбати дуюми зеристгоҳи барқии «Навобод» ба истифода дода шуд
Баҳодур Шерализода: «35 соли Истиқлоли давлатӣ барои рушди соҳаи ҳифзи муҳити зист заминаи мусоид гузошт»
Дар Тоҷикистон платформаи рақамии ватании ZARZO барои ҳисоб ва идоракунии лоиҳаҳои кишоварзӣ таҳия мегардад
Дар Душанбе Фестивали зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ -«AI ALLEY» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон содироти маҳсулот дар сатҳи устувори рушд ва афзоиш қарор гирифт
Дар Душанбе оид ба рушди алоқа, инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон боғу токзори нав 2,3 баробар зиёд гардид