Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҷалби мутахассисони Кореяи Ҷанубӣ гармхонаи муосир сохта мешавад
ДУШАНБЕ, 20.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд гармхонаи муосир бунёд мегардад. Ин иқдом дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, аз ҷониби соҳибкорон бо ҷалби мутахассисони Кореяи ҷанубӣ сохта мешавад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Гармхонаи замонавӣ барои парвариши помидору бодиринг пешбинӣ гардида, бо харҷи 1 миллион доллари ИМА сохта мешавад. Ҳоло дар он ба таври таҷрибавӣ парвариши кӯчату тухмии помидору бодиринг ба роҳ монда шудааст.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздиди корӣ аз ноҳияи мазкур ҳамзамон бо корҳои сохтмонии якчанд иншооти ҷашнӣ шинос шуда, ба роҳбарияти ноҳия ва масъулини идораҳои вилоятӣ дастуру супоришҳо дод.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд






