Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии мақолаи беҳтарин оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор карда мешавад

Январь 25, 2023 10:41

ДУШАНБЕ, 25.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон дар заминаи Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардидани соли 2025 Озмуни ҷумҳуриявии мақолаи беҳтарин оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор карда мешавад. Мақсад аз озмун- боло бурдани ҳисси ватандӯстии ҷавонон ва ҳавасманд гардонидани онҳо мебошад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар озмун наврасону ҷавонони аз 14 то 30-сола ширкат варзида, мақолаи худро дар ҳаҷми на кам аз 4 саҳифа бо ҳуруфи муқарраршуда навишта, бо як адад расми электронии худ ва рақами телефон бояд ба почтаи электронии jaboriadiba@mail.com ирсол намоянд.

Барои ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмун аз ҷониби Кумита туҳфаҳои хотиравӣ, аз қабили ноотбук, планшет ва асарҳои Президенти Тоҷикистон тақдим карда мешаванд.

Мақолаҳо бояд то 18 феврали соли 2023, соати 17:00 ба суроғаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кӯчаи Академик Раҷабовҳо 3  ирсол карда шаванд.

Бояд тазаккур дод, ки Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим эътироф шудааст.

14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон кардани соли 2025 ва Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо таъйин кардани 21 март, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда буданд, якдилона қарор қабул кард.

Мувофиқи ин қатънома, дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо таъсис ёфта, вобаста ба ин мавзӯъ соли 2025 дар шаҳри Душанбе конфронси сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид баргузор карда мешавад.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, «қабули ин қатънома дар миқёси  дунё иқдоми муҳим ва таърихӣ буда, тавассути он ҷомеаи ҷаҳонӣ имкон пайдо мекунад, ки барои ҳифзи бузургтарин манбаъҳои оби ошомиданӣ тадбирҳои муштараки зарурӣ андешад».

Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 3 марти соли 2021 зимни суханронӣ дар нахустин ҷаласаи онлайнии Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим пешниҳод намуданд, ки соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, санаи Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо муайян  карда шавад.

Ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пиряхҳо- манбаи асосии оби тоза мебошанд. Обшавии босуръати пиряхҳо ва ҳамчунин афзоиши масрафи об вобаста ба афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ ба ҳаёт ва некӯаҳволии садҳо миллион нафар одамон таҳдид мекунад.

«Агар солҳои шастуми асри гузашта ҳаҷми об ба ҳар сари аҳолӣ дар Осиёи Марказӣ дар як сол беш аз ҳашт ҳазор метри мукаабро ташкил медод, имрӯз ин рақам беш аз 4 маротиба кам шуда, дар як сол каме бештар аз ду ҳазор метри мукаабро ташкил медиҳад. Мутаассифона, обшавии пиряхҳо дар Арктика ва Антарктика боиси болоравии сатҳи баҳри ҷаҳонӣ шудааст. Ин, дар навбати худ метавонад ба ҳаёт ва некӯаҳволии садҳо миллион нафар дар рӯи Замин, бахусус дар ҷазираҳои хурд ва манотиқи соҳилӣ таҳдид кунад», — таъкид карданд Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 25, 2023 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд