Дар Тоҷикистон соли 2022 якчанд ҷарроҳиҳои нодир анҷом дода шуданд
ДУШАНБЕ, 08.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар соли 2022 бори аввад аз ҷониби табибони тоҷик ҷарроҳиҳои нодир, аз қабили стентгузаронӣ ҳангоми омоси даврашакл ва экзофитии қисми кардиоэзофагеалии сурхрӯда, хитинэктомияи эндоскопӣ аз маҷрои умумии талхагузар ба воситаи дуоденоскоп, бурида гирифтани омоси трахея тавассути бронхоскоп, гузоштани баллони силиконӣ дар меъда дар мавриди тағйироти метаболикӣ (ҳангоми бемории фарбеҳӣ), декомпрессия ва рафъи ногузариши рӯдаи ғафс бо колоноскоп ҳангоми тобхӯрии шадиди рӯдаи сигмашакл гузаронида шуданд. Ин матлаб 5 январ зимни баргузории ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба натиҷагирӣ аз фаъолияти вазорат ва зерсозхторҳои он дар соли 2022 баён гардид.
Гуфта шуд, ки дар соҳаи ҷарроҳии қафаси сина бори аввал ҷарроҳии кифосколиозҳои қисмати қафасисинагии сутунмӯҳра, дараҷаи вазнин, усули дискотомияи фонашакли коррексионӣ, бо фиксатсияи транспедикулярии трансторакалӣ, резексияи қисмати тангшудаи трахея бо трахеопластика, амалиёти симултантӣ, торакоскопия, эхинококэктомияи шуши рост ва лапароскопия, эхинококэктомияи ҷигар, стентгузории трахея чун марҳилаи аввали табобати беморони гирифтори носури сурхрӯдаву бронхиалӣ, реканализатсия, бужгузаронӣ ва стентгузории қисмати тангшудаи гранулятсионии трахея, рафъи эндоскопии омоси ковокии бронх, рафъи омоси миёнадевори болоӣ бо резексия ва протезкунонии вариди болоии холӣ гузаронида шуданд.
Ҳамчунин дар ҷараёни ҷаласа вобаста ба дигар масъалаҳои соҳаи тандурустӣ фикру андешаҳо ироа шуданд.
Дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 584 ҳуҷраҳои махсусгардонидаи ҷарроҳӣ барои гузаронидани хатнаи кӯдакон фаъолият доранд. Дар давраи ҳисоботӣ ба 104 246 нафар кӯдакон амалиёти хатна гузаронида шуд, ки 36 642 нафари онҳо навзод буда, 35,1%-ро ташкил медиҳад.
Дар ҷаласа Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба сардорони раёсат ва роҳбарони муассисаҳои тандурустии кишвар баҳри бартараф намудани камбудиҳои мавҷудаи соҳа ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, кумаки фаврии ройгони тиббӣ, таъмиру тармим намудани иншооти тандурустӣ, аз ҷумла бунгоҳҳои тиббӣ дар деҳот, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва фавти модару кӯдак, омода намудани мутахассисони соҳавӣ ва таъмини онҳо бо ҷойи кор, истифодаи технологияи муосир дар самти беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва сатҳи хизматрасониҳои иҷтимоӣ, сари вақт ҷавоб додан ба муроҷиати шаҳрвандон, риояи одоби муоширати табибон бо беморон, иҷрои саривақтии барномаҳои соҳавӣ ва дигар масъалаҳо супоришҳои мушаххас дод.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд






