ДАСТГИРИИ ДАВЛАТ. Боз 37 нафар омӯзгорони ноҳияи Дӯстӣ соҳиби замини наздиҳавлигӣ мегарданд
ДУШАНБЕ, 09.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. 37 нафар омӯзгорони ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон соҳиби замини наздиҳавлигӣ мегарданд. Соли гузашта ба 30 нафар омӯзгорони ҷавони ин ноҳия қитъаи замин барои бунёди хонаи истиқоматӣ ҷудо гаридида буд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати маорифи вилояти Хатлон.
Иқдоми мазкур дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии омӯзорони ҷавон ба роҳ монда шудааст. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ ба хотири бартараф кардани норасоии кадрӣ дар ҷамоати деҳоти «20-солагии Истиқлолият» омӯзгоронро ба кор даъват намуда, бо замини наздиҳавлигӣ таъмин менамояд.
Раиси ноҳия Даврон Нишонзода зикр кард, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баҳри баланд бардоштани мақоми омўзгор дар ҷомеа пайваста тадбирҳои муассир андешида мешаванд.
«Соли гузашта низ дар арафаи иди касбии омӯзгорон ба 30 нафар омӯзгорони ҷавони ноҳия замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардида буд», — гуфт Даврон Нишонзода.
Ҳоло роҳбарияти мақомоти маҳаллӣ ва шуъбаи маорифи ноҳия баҳри баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа, бартараф намудани норасоии кадрӣ, таъмини шароити созгор барои маорифчиён ва баланд бардоштани савияи дониши хонандагон ҷаҳду талош намуда истодаанд, ки роҳандозӣ гардидани иқдоми мазкур гувоҳи гуфтаҳои болост.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар 23 декабри соли 2022 арҷу эҳтиромро нисбат ба омӯзгор аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим унвон карданд.
«Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкуррасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем», — тазаккур доданд Сарвари давлат.
АКС: АМИТ «Ховар»








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ беш аз 16 ҳазор нафар донишҷӯ шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба бехатарии молиявӣ иштирок намуданд
Ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон зиёда аз 842 ҳазор китоби дарсии «Забони русӣ» ворид гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ду маркази муосири таълимӣ ба истифода дода шуд






