Давлаталӣ Саид ҷиҳати шиносоӣ бо корҳои ободониву созандагӣ ба шаҳри Кӯлоб сафари корӣ анҷом дод

Январь 20, 2023 14:57

ДУШАНБЕ, 20.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз иҷрокунандаи Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҷиҳати шиносоӣ бо корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Кӯлоб сафари корӣ намуда, нахуст ҳамчун рамзи эҳтиром ба модар дар зери Маҷмааи «Дуои Модар» гулчанбар гузошт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб иттилоъ доданд.

Сипас мулоқоти иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо фаъолону сокинони шаҳри Кӯлоб, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ дар минтақаи Кӯлоб, соҳибкорону кишоварзон ва дигар шахсони масъул доир шуд.

Давлаталӣ Саид фаъолон ва сокинони шаҳри Кўлобро барои дастоварди назаррас — сазовор гардидан ба ҷойи якум ва беҳтарин шаҳр дар вилоят дониста шудан дар соли 2022 табрик намуда, дар оянда ба комёбиҳои аз ин беш ноилшуданро таманно кард.

Дар мулоқот Раиси шаҳри Кўлоб Бахтиёр Назарзода доир ба вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ ва корҳои ободонию созандагӣ ба ифтихори 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти мухтасар дод.


Иттилоъ дода шуд, ки дар шаҳри Кӯлоб бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёд ва навсозии 462 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст. Аз ин теъдод имсол 45 адад иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд, ки дар онҳо зиёда аз 100 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимию мавсимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд.

Тибқи иттилои масъулин, аз 462 иншооте, ки ба нақша гирифта шудааст, 86 адади он ба соҳаи маориф, 48 адад ба соҳаи тандурустӣ, 40 адад ба соҳаи саноат, 16 адад ба самти варзиш, 44 адад ба соҳаи хизматрасонӣ, 40 адад ба соҳаи савдо, 33 бинои баландошёнаю маъмурӣ, 106 адад ба соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия, 9 адад ба соҳилмустаҳкамкунӣ, якададӣ ба соҳаи энергетика ва ҳунармандӣ, 13 адад ба соҳаи кишоварзӣ, 4 адад ба соҳаи фарҳанг ва 21 адад ба дигар соҳаҳо рост меояд. Баъди бунёд шудани ин иншоот садҳо нафар сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб хоҳанд шуд.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҳамчунин ба аёдати собиқадорони меҳнати шаҳри Кўлоб рафта, аз аҳволи саломатӣ ва шароити зисти онҳо аз наздик шинос гардид. Давлаталӣ Саид ба масъулин барои зоҳир намудани таваҷҷуҳи ҳамешагӣ ба насли калонсол тавсияву дастур дод.

Дар доираи сафари корӣ Давлаталӣ Саид аз иншооти таъйиноти гуногун ва бунёдшаванда дидан менамояд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб

Январь 20, 2023 14:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд