Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон дар соли 2023 даврҳои омӯзишии ройгон ба роҳ мемонад
ДУШАНБЕ, 04.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон дар соли 2023 даврҳои омӯзишии рассомӣ, забони англисӣ, хореографӣ, сурудхонии суннатию эстрадӣ ва навозандагиро барои наврасони аз 5 то 18-сола ройгон роҳандозӣ менамояд, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» Директори Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон Идрис Абдураҳмонзода.
«Инчунин соли равон озмуни расмкашӣ доир менамоем, ки барои беҳтарин расми тасвиршуда ҷойҳои ифтихорӣ ва туҳфаҳо муайян гардидаанд», — гуфт И. Абдураҳмонзода.
Мавсуф иброз намуд, ки дар филармония чор сол боз кӯдакону наврасон барои иштирок дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон- Ватани азизи ман» дар соҳаи санъати навозандагӣ, овозхонӣ ва композиторӣ ройгон омода мешаванд ва шогирдони ин даргоҳ ҷойҳои намоёнро соҳиб мегарданд.
Бояд гуфт, ки имрӯз филармония ба маркази бузурги фарҳангии кӯдакону наврасон табдил гардида, барои сайқал додани ҳунари наврасони соҳибистеъдод тамоми тадбирҳо андешида мешаванд.
Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон 17 августи соли 2017 дар заминаи Муассисаи давлатии «Қасри фарҳанг ва санъати ҷумҳуриявӣ-Маркази ҷумҳуриявии эстетикии кӯдакон ва ҷавонон» таъсис ёфта, минбаъд барои рушду ташаккули гурӯҳҳои эҷодии бачагона, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, тарбияи ҳисси зебоиписандӣ, ташкили маҳфилу барномаҳои фарҳангию ҳунарӣ шароити васеъ ва мусоид фароҳам овард.
Идрис Абдураҳмонзода зикр дошт, ки ҳадаф аз ташкили Филармонияи бачагона- ин омодасозии кадрҳои эҷодӣ барои фаъолияти касбӣ дар соҳаи фарҳангу санъат, таблиғу ташвиқи мусиқии касбӣ ва анъанавии халқи тоҷик, рақси миллӣ, балет, дастгирии санъати навозандагӣ, овозхонӣ, рассомӣ, хореографӣ ва композиторӣ, дарёфти наврасон ва ҷавонони соҳибистеъдод, омода намудани навозандагони ҷавону раққосон ба озмуну фестивалҳои байналмилалӣ, инкишофи ҳамаи намудҳои фаъолияти эҷодии касбӣ ва баланд бардоштани сифати тарбияи кадрҳои баландихтисос ва рақобатпазир барои соҳаи фарҳанг ва санъат, ба роҳ мондани низоми дастгирии эҷодиёти кӯдакону наврасон, таҳсили бадеӣ-эстетикии онҳо ва татбиқи имконияти эҷодии хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошад.
Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, имрӯз ба Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон устодони соҳибтаҷрибае ҷалб гардидаанд, ки ба наврасон нозукиҳои санъатро меомӯзонанд. Дар айни замон зиёда аз 32 нафар наврасон барои омӯзиш ба даврҳои гуногун фаро гирифта шудаанд.
«Теъдоди донишомӯзони ин даргоҳ рӯз то рӯз меафзояд. Филармония махсус барои наврасону кӯдакон ташкил гардидааст, аз ин рӯ зимни ҷобаҷогузории дарсҳо ва тамринҳо вақти холии онҳо ба назар гирифта мешавад»,- гуфт мавсуф.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад






