МАРҲАМАТ БА ҶАШНГОҲ! Пагоҳ дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абдулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе иди Сада таҷлил мегардад

Январь 28, 2023 13:21

ДУШАНБЕ, 28.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 29 январ дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абдулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе иди Сада ва намоиши ниҳолҳою тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад. Дар ҷашнгоҳ гулхани баргу, ки рамзи ин ид мебошад, афрӯхта мешавад. Инчунин дар ин рӯз гӯшаи тавсияи олимону мутахассисон оид ба омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ, намоиши ҳама гуна олоти кории кишоварзӣ, хони пурнозу неъмат, муаррифии ҳунарҳои мардумӣ, намоиш ва фурӯши ниҳолҳои мевадиҳандаву сояафкан, гулу буттаҳои ҳамешасабзи ороишӣ, тухмиҳои зироати кишоварзӣ ва дигар маҳсулоте, ки ҷашни Садаро ифода  мекунанд, пешниҳод мегарданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар ин рӯз аз ҷониби Вазорати кишоварзии мамлакат тақдими ҷоизаҳо ба фаъолони соҳа низ дар назар дошта шудааст. Сокинони пойтахт имкон доранд, ки аз ин ҷашнгоҳ гулу бутта ва ниҳолҳои гуногунро бо нархи арзон харидорӣ намоянд.

Бояд гуфт, ки дар ҷумҳурӣ ҳамасола иди Сада бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад, зеро он таърихи аз 3000 то 5000-соларо дорост. Калимаи Сада аз забони мардуми ориёии қадим гирифта шуда, оташро ифода менамояд.

Ба иттилои пажӯҳишгарон, дар рӯзи таҷлили иди Сада афрӯхтани оташ ва дар гирди он рақсу бозӣ намудан маънои онро дорад, ки баъди сардиву карахтии фасли зимистон мебояд боз ба гармиву хушиҳои зиндагӣ рӯй овард. Аҷдодони мо бо афрӯхтани оташ бо дили гарму нармашон мардуми оламро ба ободкорӣ, меҳру муҳаббат ва дӯстиву рафоқат ҳидоят менамуданд.

Ба андешаи таърихнигорон, номи ҷашн аслан аз шумораи сад гирифта шуда, аз 10 моҳи Баҳман то омадани Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаро мегирад. Ба қавли Абурайҳони Берунӣ, аҷдодони барӯманди мо шабу рӯзро алоҳида ҳисоб мекарданд, ки он дар якҷоягӣ то расидани Наврӯз 100 шабу рӯзро ташкил менамуд. Мардум, бахусус деҳқонон дар шаби Сада бори дигар бузургдошти Худои гармию фурӯғи миноӣ- Митра (Меҳр)-ро ёдоварӣ намуда, ба поси он гулханҳои бузург меафрӯхтанд ва шодиву хушҳолӣ менамуданд. Сада моҳиятан пирӯзии рӯшноиро бар торикӣ ифода намуда, бо тантанаи оташафрӯзӣ омадани фасли баҳору муждаи пешакии Наврӯзро мерасонад.

Мавриди зикр аст, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон якчанд унсурҳои фарҳанги миллии халқи тоҷик ба Феҳристи умумиҷаҳонии репрезентативии ЮНЕСКО ворид гардиданд. Инчунин номинаи ҷашни «Сада» низ ба феҳристи мазкур пешниҳод гардида, барои шомил намудан ба ин  феҳрист мавриди корбарӣ қарор дорад.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон дар канори ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон ба эҳёи ҷашни Сада чун ҷашни пайванди инсон ва табиат таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мешавад. Дар Паёми Пешвои миллат (26 декабри соли 2018) чунин омадааст: «Дар даврони истиқлоли давлатӣ ойину ҷашнҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангие, ки давоми асрҳо ягонагии маънавии мардумро ҳифз мекарданд, аз қабили Наврӯз, Меҳргон, Сада, Шашмақом, Фалак, атласу адрас, чакан ва монанди инҳо эҳё гардиданд».

Шоири маҳбубу хушбаён, муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон устод Гулназар Келдӣ дар шеъри «Ҷашни Сада» ин идро раҳкушояндаи Наврӯз номида, хеле зебо ва дилнишин гуфтааст:

Сада сад раҳ кушояд сӯйи Наврӯз,
Ба рӯйи мо намояд рӯйи Наврӯз.
Сано гӯям ба ин ҷашни ниёгон,
Ки дар сармо расонад бӯйи Наврӯз.

 

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз бойгонӣ

Январь 28, 2023 13:21

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд