Мубодилаи барқияҳои табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов
ДУШАНБЕ, 27.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимухамедов ба муносибати 30-солагии барқароршавии робитаҳои дипломатии байнидавлатӣ мубодилаи барқияҳои табрикӣ намуданд.
Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимухамедов омадааст:
«Муҳтарам Сердар Гурбангулиевич,
27 январ ба истиқрори робитаҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Туркманистон 30 сол пур мешавад.
Дар иртибот ба ин санаи хотирмон дар таърихи навтарини муносибатҳои байниҳамдигарии ду давлат ба Шумо ва мардуми дӯсти Туркманистон табрикоти самимӣ ва таманниёти неки ин ҷонибро изҳор менамоям.
Анъанаҳои дӯстӣ, рафоқат ва ҳамкории созандаи мардумони Тоҷикистон ва Туркманистон решаҳои бисёрасра доранд.
Боиси қаноатмандист, ки робитаҳои байнидавлатии гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Туркманистон бар асоси ин пояи мустаҳкам то имрӯз риштаҳои мухталифи мавриди манфиатҳои тарафайнро фаро гирифта, ба сатҳи шарикии стратегӣ баромадаанд.
Бо истифода аз ин фурсати муносиб мехоҳам нақши муҳими муколамаи пайвастаи сатҳи олӣ ва баланди ҷонибҳоро дар пешбурди босамари ин раванд таъкид намоям.
Мо ҷонибдори идомаи талошҳои муштараки минбаъда дар ин ҷода ҳастем. Мутмаинам, ки дар рафти мулоқоту тамосҳои дарпешистодаамон мо муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судмандамонро таҳкиму тавсеаи бештар бахшида, мазмуну мӯҳтавои онҳоро бо натиҷаҳои нави амалӣ ба нафъи давлатҳо ва мардумонамон боз ҳам ғанӣ хоҳем гардонид.
Ба Шумо сиҳатмандии бардавом ва дар фаъолияти давлатиатон комёбиҳои рӯзафзун, ба мардуми бародари Туркманистон сулҳу рифоҳ ва пешрафту шукуфоии бемайлон орзу менамоям».
Дар барқияи табрикии Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимухамедов ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чунин гуфта шудааст:
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Шарафёбам аз номи мардум ва Ҳукумати Туркманистон, ҳамчунин шахсан аз номи худам ба Шумо ва тамоми мардуми бародари кишвари Шумо табрикоти самимӣ ва беҳтарин таманниётро ба муносибати 30- солагии истиқрори робитаҳои дипломатӣ миёни Туркманистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намоям.
Тайи ин солҳо ҳамкории мо ба таври фаъол рушд ёфта, имрӯзҳо бемайлон мустаҳкам мегардад. Фаъолияти василаҳои муассири ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталиф роҳандозӣ шуда, заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудааст, тамосҳои самарабахши байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ сурат мегиранд.
Айни замон шарикии тиҷоративу иқтисодии Туркманистону Тоҷикистон рӯ ба густариши босуръат ниҳода, ҳамкориҳо дар соҳаҳои фарҳанг ва илму маориф тавсеа меёбанд, робитаҳои байнипарлумонӣ, ҳамчунин, фаъол гашта истодаанд.
Омодагии ин ҷонибро ҷиҳати ҳамкории минбаъда ва ба ҳам овардани талошҳои муштарак баҳри ба сатҳи сифатан нав боло бурдани муносибатҳои дуҷониба иброз менамоям. Мутмаинам, ки бо такя ба иродаи неки тағйирнопазири ҷонибҳо муколамаи байнидавлатии ба таври анъанавӣ дӯстона дар оянда низ мустаҳкам гардида, ба нафъи мардумонамон бомуваффақият рушд хоҳад ёфт.
Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, лутфан иҷозат фармоед, ки бо истифода аз ин фурсат ба Шумо барои таваҷҷуҳи бузурги шахсиатон ба рушди шарикии Туркманистон ва Тоҷикистон изҳори сипос намуда, аз самими қалб саломатии бардавом ва дар фаъолияти сермасъули давлатиатон комёбиҳои навин ба хотири пешрафту шукуфоии мардуми бародари Ҷумҳурии Тоҷикистон орзу намоям».








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳо дар қолаби СҲШ+ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои Сарони давлатҳои СҲШ таҳти унвони «25 соли СҲШ: таҳкими субот, густариши ҳамкорӣ барои рушди ояндаи муштарак» иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои ҷаҳонии кӯчманчиён иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фиристодаи махсуси Президенти ИМА дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ Серҷио Гор ва сенатори ИМА Стив Дейн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҳамоиши сарони давлатҳои аъзои СҲШ ба шаҳри Бишкек сафар карданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ иштирок намуданд






