«РӮДАКӢ». Дар Душанбе операи Шарофиддин Сайфиддинов дар шакли нав пешниҳоди тамошобинон мегардад

Январь 11, 2023 14:17

ДУШАНБЕ, 11.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бори аввал дар саҳнаи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ операи Шарофиддин Сайфиддинов «Рӯдакӣ» дар шакли нав, бо ворид кардани қисматҳои қаблан буридашудаи муаллиф намоиш дода мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар бахши матбуоти театр хабар доданд.

Бино ба гуфтаи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, коргардони лоиҳаи мазкур Шавкат Халилзода, бисёре аз порчаҳои операи даврони шўравӣ ба варианти ниҳоӣ дохил карда нашуда буданд.
«Мо он порчаҳое, ки то ҳол барои тамошобинон намоиш надода будем, барои ифшои нақши таърихии Рӯдакӣ, ки дар рушди фарҳанг ва ҳаёти иҷтимоии мардуми тоҷик аҳамияти муҳим доранд, барқарор хоҳем кард», -таъкид кард Шавкат Халилзода.

Номбурда тазаккур дод, ки Рӯдакӣ на танҳо поягузори адабиёти тоҷику форс, одамушшуаро, султони шоирон, қофиласолори шеър, балки рамзи бедориву худшиносӣ ва истиқлолхоҳӣ, инчунин рамзи ҷовидонаи адаб ва фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад.

«Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ дар бораи саҳми «падари шоирон» дар инкишофи забони тоҷикӣ, аҳамияти донистани забони модарӣ ҳамчун такягоҳи устувори маданияти миллӣ таъкид мекунанд, ки: «забони тоҷикӣ ифодагари арзишҳои маънавӣ ва инъикосгари ибратбахши рӯзгори мост»»,-иброз дошт коргардон.
Хотиррасон мекунем, ки нахустнамоиши операи Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Шарофиддин Сайфиддинов ҳанӯз соли 1976 баргузор шуд (ҳарчанд кор дар либретторо хеле пештар аз он Сотим Улуғзода ва Сергей Севертс пешкаш карданд) ва он байни тамошобинон шуҳрати хоса пайдо намуда буд.

Директори театр Камолиддин Сайфиддинзода гуфт, ки «саъю кӯшиши ҳамкорони мо ҳоло ба навсозии намоиш ва аз нав пур кардани намоишномаҳои нави миллӣ равона карда шудааст, ки онҳо аз асарҳои воқеан бошукӯҳ иборатанд. Барқарорсозии асарҳои асри гузашта ва кор дар рӯи намоишномаҳои нав аз ҷумлаи онҳо мебошанд».

«Тавре Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, рисолати худшиносии шаҳрвандӣ, иҷтимоӣ, эстетикии одамон ба ходимони фарҳанг гузошта шудааст ва дар ҳар як ташаббуси созанда амалӣ намудани он рисолати муҳим аст», — илова кард Камолиддин Сайфиддинзода.

Лоиҳаи нави театрӣ пас аз қабули «Қонун дар бораи тарбияи ватандӯстӣ» айни муддао буда, барои ташаккули симои маънавии ҳамватанон нақши босазо мегузорад.

Ҳунармандони театр ба муваффақияти намоишнома итминон дошта, умед доранд, ки лоиҳаи нав барои тамошобинони дохиливу хориҷӣ писанд хоҳад омад.

АКС: Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ

Январь 11, 2023 14:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд