РУШДИ СОҲАИ МОҲИДОРӢ. Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳавзҳои нави моҳипарварӣ бунёд мегарданд
ДУШАНБЕ, 14.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Масъулини Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Корпоратсияи моҳии тоҷик» дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд ният доранд, ки боз се адад ҳавзи моҳипарварӣ бунёд карда, ба пешрафти ин соҳаи сердаромад ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ саҳм гузоранд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
12 январ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Ҷаббор Расулов аз ҳавзҳои моҳипарварии ҶДММ «Корпоратсияи моҳии тоҷик» боздид намуд.
Ҳавзҳои моҳипарварии ҶДММ «Корпоратсияи моҳии тоҷик» соли 2021 бунёд гардида, масоҳати умумии онҳо 3,2 гектарро ташкил мекунад ва шумораи ҳавзҳо 21 адад мебошад. Дар ин ҷо асосан гулмоҳӣ парвариш карда шуда, маҳсулот ба бозорҳои маҳаллӣ ба фурӯш бароварда мешаванд.
Чуноне иттилоъ дода шуд, дар хоҷагиҳои моҳипарварии вилояти Суғд асосан навъҳои гулмоҳӣ, тосмоҳӣ, лаққамоҳӣ, нуқрамоҳӣ, зағорамоҳӣ ва амури сафед парвариш карда мешаванд.
Соли 2022 дар вилоят беш аз 800 тонна моҳӣ ба маблағи умумии 19,3 миллион сомонӣ истеҳсол гардидааст.
Раиси вилоят таъкид кард, ки дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Ҷаббор Расулов, Ашт, Панҷакент ва Бобоҷон Ғафуров барои парвариши моҳӣ заминаҳои мусоид фароҳам буда, имкониятҳои мавҷуда бояд самаранок истифода гардад.
Дар ин раванд ташаббуси Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Корпоратсияи моҳии тоҷик» дар самти ташкили ҳавзҳои нави моҳипарварӣ муҳиму саривақтӣ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки дар мамлакат «Барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 – 2022» ба рушди соҳаи моҳипарварӣ дар Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам овард. Бояд гуфт, ки рушди соҳаи моҳидорӣ талаботи замон буда, ба буҷети мамлакат даромади калон меорад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид






