Сироҷиддин Муҳриддин бо иҷрокунандаи вазифаи Вазири корҳои хориҷии Узбекистон суҳбати телефонӣ анҷом дод
ДУШАНБЕ, 12.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. 11 январ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо иҷрокунандаи вазифаи роҳбари Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Узбекистон Бахтиёр Саидов суҳбати телефонӣ анҷом дод. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Сироҷиддин Мухриддин ҳамтои узбеки худро ба муносибати таъйиноташ ба ин мансаб самимона табрик намуда, ба ӯ дар кори масъулиятноки давлатӣ муваффакиятҳо таманно намуд.
Зимни суҳбат маҷмӯи масъалаҳои муносибатҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқии Тоҷикистону Узбекистон баррасӣ шуданд.
Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба ҷадвали мулоқотҳои дарпешистода дар сатҳи олӣ табодули афкор намуданд.
Акс: ВКХ ҶТ








Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ
Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд






