Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи Тошканд мавқеи Тоҷикистонро оид ба самтҳои афзалиятнок дар чаҳорчӯби ЭКО муаррифӣ кард
ДУШАНБЕ, 24.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. 24 январ дар шаҳри Тошканд Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи 26-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) иштирок намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Сироҷиддин Муҳриддин мавқеи Тоҷикистонро оид ба самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории иқтисодӣ муаррифӣ кард. Аз ҷумла, аҳамияти густариши минбаъдаи ҳамгироии иқтисодӣ ва татбиқи лоиҳаҳои самарабахши минтақавӣ дар соҳаҳои рушди нақлиёт, занҷирҳои таъминот, кишоварзӣ, саноат, энергетикаи сабз, экология, сайёҳӣ, нақлиёт ва сармоягузорӣ таъкид гардид.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ барои дастгирии ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 14 декабри соли 2022 тавассути қатъномаи якдилона қабулшудаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, изҳори сипос намуд.
Вазир ба аҳамияти эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, 21 март- Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, таъсиси Фонди байналмилалии мақсадноки СММ оид ба ҳифзи пиряхҳо ва баргузории конфронси сатҳи баланди СММ оид ба ин мавзӯъ дар Тоҷикистон дар соли 2025, ки ҳамчун василаи ҳалли мушкилоти глобалӣ барои андешидани тадбирҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим хизмат мекунад, таъкид намуд.
Дар робита ба ин, аз давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ даъват карда шуд, ки дар Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид, ки 22-24 марти соли 2023 дар Ню-Йорк таҳти раёсати Тоҷикистон ва Нидерланд баргузор мешавад, фаъолона ширкат кунанд.
Дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирон роҳбарони ҳайатҳо оид ба вазъи иҷрои барномаву лоиҳаҳо, фаъолияти кумитаи сатҳи баланд, ниҳодҳо ва мақомоти Созмон, пешрафт ва арзёбии амалисозии ҳадафҳои барномаи «Дурнамои ЭКО 2025», таъсиси василаи муколамаи сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи экология, маърӯзаи Котиби генералии ЭКО, инчунин баъзе масъалаҳои маъмурию молиявӣ якчанд қарорҳо қабул намуданд. Маҷлис бо қабули баёнияи Тошканд ба охир расид.
Раёсат дар ЭКО аз Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон гузашт.
Акс: ВКХ ҶТ








Ҳамкории Тоҷикистон ва Беларус дар самти аттестатсияи кадрҳои илмӣ баррасӣ гардид
Фаррух Ҳамрализода бо сафири Подшоҳии Нидерланд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Нико Схермерс мулоқот намуд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти «Маркази тиҷоратии ҷаҳонӣ»-и иёлати Ютаҳи ИМА вохӯрӣ намуд
Ҳамкории минтақавии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Эъломияи Хуҷанд дар Маркази Авруосиёи Шурои Атлантик баррасӣ шуд
Машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Индонезия баргузор гардиданд
Дар Душанбе ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Эрон доир шуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Сарвазири Тоҷикистон Конфронси чоруми байналмилалиро натиҷагирӣ намуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон мавқеи пешсафи худро дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тасдиқ намуд
Умут Аҷар: «Дар Тоҷикистон чорабиниҳои байналмилалӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронида мешаванд»
Сироҷиддин Муҳриддин: «Ҳамкории муассир ягона роҳи устувори ҳалли мушкилоти муштараки об мебошад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Душанбе ташаккули рӯзномаи ҷаҳонии об баъд аз соли 2030 баррасӣ шуд
Ҷонибек Ҳикмат: «Баргузории Конфронси сатҳи баланди оби Душанбе таҷассумгари саҳми шоистаи Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об мебошад»






