Соли гузашта беш аз 15 ҳазор нафар нигораҳои Осорхонаи миллии Тоҷикистонро ба таври ройгон тамошо карданд
ДУШАНБЕ, 26.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Соли сипаригардида беш аз 15 ҳазор нафар нигораҳои Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таври ройгон тамошо карданд. Матлаби мазкур дар ҷаласа оид ба ҷамъбасти фаъолияти солонаи Осорхонаи миллӣ баён карда шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев иттилоъ дод.
Дар ҷаласаи ҷамъбастӣ таъкид гардид, ки ҳадафи асосии роҳбарияту кормандони Осорхонаи миллӣ- ин фаъолияти бомаром бо мақсади ҷамъоварӣ, ҳифз, омӯзиш, таҳқиқ ва муаррифии мероси таърихию фарҳангӣ, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои фароғати фарҳангии аҳли ҷомеа ва тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ мебошад.
Гуфта шуд, ки Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ» дар байни муассисаҳои фарҳангии кишвар пешқадам буда, роҳбарияту кормандони он дар ҷамъоварӣ, ҳифз ва муаррифии осори ниёгон, татбиқи сиёсати фарҳангӣ ва дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми назаррас доранд.
АКС: Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»








Дар Душанбе Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ оғоз мегардад
«ДОСТОНИ ХУДШИНОСӢ». Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз гардид
ЗАБОН–САДОИ ХОТИРАИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Мутахассисони соҳа бояд, ки истилоҳоти дурусту фаҳмо ва мувофиқ ба мазмуну муҳтавои соҳаҳои гуногунро барои истифода пешниҳод намоянд»
ЗАБОНИ МОДАРИИ МО—ЗАБОНИ ШИРИНУ ШЕВО ВА ШОИРОНАИ ТОҶИКӢ! Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
«ҶАҲОНИ РАССОМ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои Дӯст Азизов ташкил гардид
Дар Душанбе Рӯзҳои синамои Қирғизистон доир мегарданд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои омӯзгорон сайри идонаи осорхонавӣ ташкил гардид
«НАМАКДОНИ МИЛЛАТ КАФИ ДАСТИ ӮСТ!». Таҳти чунин унвон китоби Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
ЗАБОН ВА 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд






