ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба фаъолони ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Панҷ нуктаҳои асосии ин ҳуҷҷати муҳим фаҳмонида шуданд

Январь 5, 2023 10:01

ДУШАНБЕ, 05.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи нақшаи чорабиниҳои Маҷлиси намояндагон аз 30 декабри соли сипаригардида то 8 январи соли равон вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳавзаҳои интихоботӣ ба интихобкунандагон ва аҳолӣ Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиро шарҳу тавзеҳ медиҳанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.

Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Сумангул Тағойзода, вакили Маҷлиси намояндагон Гулбаҳор Ашурзода ва вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон Умедхоҷаи Зоир бо роҳбарият ва хизматчиёни давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ оид ба Паём мулоқот намуда, оид ба мазмуну муҳтавои созандаи он зикр доштанд, ки Паём ҳуҷҷати муҳиму сарнавиштсоз ва барномаи мукаммали созандагию бунёдкорӣ дар мамлакат мебошад.

Мулоқотро Раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Сафармаҳмад Раҳимзода ҷамъбаст намуда, баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд, дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошт.

Паёмҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ барои тамоми соҳаҳои хоҷагидории мамлакат ҳамчун роҳнамо хизмат менамоянд.

Инчунин вакилони Маҷлиси намояндагон Зоир Раҳмонзода ва Гавҳар Шарофзода барои шарҳу тавзеҳ додан ва омӯзиши бандҳои Паёми навбатии Пешвои миллат ба ноҳияи Панҷ сафар намуданд.

Вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагон дар маркази ноҳия бо кормандони мақомоти ноҳия, кормандони соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг, ҷавонону занон, ҳифзи ҳуқуқу тартиботи ҷамъиятӣ ва фаъолони хоҷагии халқ доир гардид.

Вакилони мардумӣ нуктаҳои Паёмро ба иштирокчиёни ин вохӯрӣ расонида, изҳор доштанд, ки Паёмҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ барои тамоми соҳаҳои хоҷагидории мамлакат роҳнамою дастури муфид арзёбӣ мешаванд, ки ба татбиқи тадриҷии ҳадафҳои стратегии мамлакат, аз ҷумла беҳтар намудани шароити иқтисодиву иҷтимоӣ, маърифатнокии ҷомеа, таҳкими ғояҳои сулҳу субот ва истиқлолияти давлатӣ нигаронида шуда, бо таҳлилҳои амиқ, натиҷагириҳои асоснок ва масъалагузориҳои мушаххас ба рушду равнақи тамоми соҳаҳои кишвар алоқаманд мебошанд.

Паёмҳои Пешвои миллат фарогири масъалаҳои банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатии соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш, сайёҳӣ ва сиёсати хориҷӣ мебошанд.

Акс: МН МО ҶТ

Январь 5, 2023 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Агентии Чин оид ба ҳамкории рушди байналмилалӣ мулоқот намуданд
Мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагон бо Раиси Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Давлати Қатар доир гардид
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Маҷлиси Шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ мулоқот намуданд
Дар Душанбе тавсеаи робитаҳои парлумонии Тоҷикистон ва Русия баррасӣ гардид
Раиси Маҷлис-аш-Шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад
Қабули қатъномаи Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда рӯйдоди воқеан таърихӣ ва мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад
Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ созишномаи сармоягузорӣ ба тасвиб расид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид
Ба муносибати 29-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиш баргузор гардид
Рушди муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Беларус баррасӣ гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид