ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ. 50 вазорату идораҳои давлатии Тоҷикистон ба шабакаи мазкур пайваст гардиданд

Январь 31, 2023 09:32

ДУШАНБЕ, 31.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар айни замон  50 вазорату  идораҳои давлатӣ ба шабакаи ҳукумати электронӣ пайваст гардида, барқарорсозии шабакаи мазкур дар байни дигар сохторҳои давлатӣ  идома дорад. Барои роҳандозии сегменти якум, яъне байни шуъбаҳои умумии вазорату идораҳо ташкил намудани мубодилаи электронӣ чораҳои дахлдор андешида мешавад. Дар ин хусус дирўз, 30 январ зимни нишасти матбуотии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолият дар соли 2022 иттилоъ дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки  30 декабри соли 2011 бо Қарори Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ» қабул гашт, ки таҳияи барномаҳои электронӣ вобаста ба рушди ҳамаи соҳаҳоро дар бар мегирад.

Бояд гуфт, ки ташкил кардани ҳукумати электронӣ вазифаҳоро барои беҳтар намудани ҳамкории мутақобила дар дохили вазорату идораҳо  ва берун аз он  дар асоси ҳуҷҷатгузории бе коғаз, инчунин таъмини татбиқи вазифаҳои идораи давлатиро дар заминаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ осон мегардонад.

Ҳукумати электронӣ низомест, ки барои роҳандозии муоширати самараноки ҷамъиятӣ ҳамаи муассисаву мақомоти расмию ғайрирасмиро муттаҳид намуда, барои онҳо шароит фароҳам меоварад, то бо истифода аз шабакаи компютерӣ гардиши санадҳои электронии байниидоравиро таъмин созанд. Ҳамчунин ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ хизмати иттилоотӣ пешниҳод ва ё арзу шикоятҳои онҳоро баррасӣ намоянд.

Дар ин робита, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар Паёми солона  ба Маҷлиси Олӣ  ба Хадамоти алоқаи мамлакат ҷиҳати беҳтаргардонии хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ  ва дастрас гардонидани интернети баландсуръат, ки яке аз омилҳои асосии  пурра амалӣ гардидани  «Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ»  дар ҷумҳурӣ мебошад,  дастуру супориш доданд.

30 январ дар нишасти матбуотӣ муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Атоев  иброз дошт, ки «бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои  Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   Хадамоти алоқа ҷиҳати беҳтаргардонии хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ  ва дастрас гардонидани интернети баландсуръат  шумораи маҷмӯи истгоҳҳои барқии базавӣ, яъне пойгоҳҳои базавиро дар ҷумҳурӣ зиёд менамояд».

Ба гуфтаи ў, тибқи нақшаи тасдиқгардида  айни замон пойгоҳҳои зикршуда  ба мамлакат ворид карда шуда истодаанд. Инчунин марҳилаи якуми  насби онҳо, ки корҳои санҷишӣ- техникӣ, аниқ намудани ҷойи иловагии  насби онҳоро дар бар мегирад, дар шаҳри Душанбе муайян карда мешавад.

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 31, 2023 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид